Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон мулоқот намуд

Февраль 3, 2025 15:17

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврали соли 2025 вохӯрии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Ҷопон таҳти роҳбарии Мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон, узви Палатаи намояндагони Парлумон Акихиса Нагашима баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни суҳбат доир ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон табодули афкор намуданд.

Ҳоким Холиқзода иқтидори бузурги густариши ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид намуд.

Ҷонибҳо аз густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ давоми солҳои охир ёдовар шуда, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникии Тоҷикистон ва Ҷопон, инчунин аҳаммияти таҳкими ҳамкорӣ дар татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва инфрасохториро таъкид намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин ба ҷанбаҳои калидии равобити фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла дурнамои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангу санъат, маориф ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳавасмандии худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон иброз доштанд.

Февраль 3, 2025 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст