НАЗАРИ КОРШИНОС. Интихобот ҷузъи муҳими низоми сиёсии муосири Тоҷикистон ва василаи қонунигардонии ҳокимияти сиёсӣ аст

Февраль 24, 2025 08:36

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъйин карда шудааст, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 марти соли 2025 таъйин гардидааст, идома доранд. Интихобот ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дорои аҳамияти муҳим буда, воситаи иштироки субъектҳои интихобот дар раванди чорабиниҳои интихоботӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин мавзуъ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳутӣ Шарифзода зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша кард:

— 2 марти соли 2025 интихобкунандагон ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ рафта, вакилони худро ба яке аз муҳимтарин пояҳои ҳокимияти давлатиамон- мақоми олии қонунгузори мамлакат-Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳою шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот барои панҷ соли оянда интихоб мекунанд. Аз самари фаъолияти онҳо низоми сиёсӣ ва плюрализми сиёсӣ рушду такомул ёфта, ба шаклгирии парламентаризм мусоидат менамояд.

Дар шароити давлатдории муосири Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии интихобот ба сифати меъёри ягонаи легитимии (принсипи сиёсии) ташаккули ҳокимияти давлатӣ, пеш аз ҳама, интихоб шудани вакилони сазовор барои ҳимоя кардани манфиатҳои интихобкунадагон дар сатҳи мақомоти намояндагӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдории худро ба арзишҳои низоми демократӣ изҳор намуда, талаботи ин низомро дар санадҳои марбут ба ин масъалаҳо қабулгардида, пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намуд. Дар боби якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» ном дорад, моҳияти демократӣ ва ҳуқуқбунёдии давлат ва баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ эътироф шудааст. Бо назардошти ин муқаррарот дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Интихобот шакли ягонаи қонунии ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва дигар ниҳодҳои сиёсӣ мебошад.

Интихобот чун ниҳоди демократӣ нишондиҳандаи ташкили идораи демократии давлат, омили муҳимми ташаккулёбии ҳокимияти давлатӣ, амалӣ гаштани соҳибихтиёрии халқ шинохта шудааст ва шакли олии изҳори иродаи халқ аст. Халқ чун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар интихобот иродаи худро бевосита изҳор менамояд.

Тавре маълум аст, интихобот дар шароити муосири давлатдории Тоҷикистон яке аз хусусияти назарраси ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб рафта, воситаи муҳими ташаккул ва рушди низоми сиёсии ҷомеа, раванди демократикунонии ҷомеа, плюрализми сиёсӣ ва низоми бисёрҳизбӣ ба ҳисоб рафта, дар шаклгирии ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, хусусан, парламентаризм аз омилҳои арзишманди рушди давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Интихобот дар шароити давлатдории муосири Тоҷикистон яке аз ҷанбаҳои муҳимми ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа дониста мешавад. Ҳадафи асосии он дар ҷомеаи демократӣ, пеш аз ҳама, таъмини иштироки шаҳрвандон дар ташаккули низоми мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ ба ҳисоб рафта, яке аз воситаҳои самараноки рушди парламентаризм ба ҳисоб меравад.

Интихобот дар ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа яке аз усулҳои демократие мебошад, ки имкони манфиатҳои гуногуни интихобкунандагонро тавассути овоздиҳӣ дар интихобот баён мекунад. Дар давлатҳои демократии муосир интихобот шакли асосии изҳори иродаи халқ ва шакли татбиқи соҳибихтиёрии халқро ҳамчун яке аз принсипҳои асосии конститутсионӣ ифода мекунад. Дар баробари ин, интихобот маъракаи муҳимми сиёсие мебошад, ки бо мурури замон инкишоф ёфта, бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.

Тавре маълум аст, дар раванди интихобот чун қоидаи муайяншуда номзадҳо аз ҷониби субъектҳои интихобот пешбарӣ гардида, талош менамоянд, ки муборизаи сиёсиро дар асоси талаботи муайяншудаи қонунгузорӣ доир намоянд ва фаъолияти худро дар байни ҷомеа устувор созанд. Ҳаёти сиёсии ҷомеаи муосирро бе интихобот тасаввур кардан ғайриимкон аст. Халқ ба ин тартиб намояндагони худро дар мақомоти давлатӣ интихоб карда, ба онҳо ҳуқуқ медиҳад, ки вазифаҳои муайянро иҷро карда, дар сатҳи мақомоти намояндагӣ барои ҳимояи манфиатҳои интихобкунандагон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Интихобот, пеш аз ҳама, чун воситаи қонунигардонии ҳокимияти сиёсӣ, низоми сиёсии ҷомеа, механизми интихоби намояндагони халқ ва нишондиҳандаи ҷомеаи демократӣ эътироф шуда, воситаи муҳими ташаккул ва рушди парламентаризми муосир ба ҳисоб меравад.

Интихобот ҷузъи муҳими низоми сиёсии муосири Тоҷикистон, раванди демократӣ барои намояндагии манфиати гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар мақомоти давлатӣ, ки дар Конститутсияи ифода ёфтааст ва муҳимтар аз ҳама, ниҳоди асосии иродаи сиёсии мардум мебошад. Дар айни замон интихобот шакли асосии иштироки воқеии аксари мардум дар сиёсат аст. Ин раванд ҳамеша ба овоздиҳӣ алоқамандӣ дорад. Дар натиҷаи интихобот ба номзадҳои интихобшуда ваколатҳо дар соҳаи ҳокимияти қонунгузорӣ ё намояндагӣ дода мешаванд.

Принсипҳои асосии баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ дар моддаи 3-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» муқаррар карда шудааст. Вобаста ба принсипи ҳуқуқи умумии интихобот қонунгузор муайян намудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, қатъи назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Мутобиқи принсипи баробарӣ, сарфи назар аз мавқеи сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ қонунгузор барои ҳар шахс кафолати амалӣ намудани ҳуқуқи интихоб карданро муҳайё намудааст. Ҳама гуна маҳдудкунии бевосита ва ё бавоситаи ҳуқуқи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот манъ аст ва мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.

Дар асоси принсипи ҳуқуқи бевосита ва бавоситаи интихобот шаҳрвандон бевосита, яъне шахсан дар интихобот иштирок намуда, раъйи худро бобати масъалаҳои пешниҳодгардида изҳор мекунанд ё ин ки ба воситаи вакилони худ ин иқдомро амалӣ менамоянд. Яъне интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тарафи шаҳрвандон мустақиман амалӣ мегардад.

Мувофиқи принсипи ошкорбаёнӣ омодагӣ ва гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва вакилони ҷамоатҳо аз тарафи комиссияҳои интихоботӣ ба таври шаффоф ва ошкоро доир мешавад.

АКС аз бойгонии муаллиф/манбаъҳои боз

Февраль 24, 2025 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Киҳо ҳуқуқи интихоб кардан доранд?
БА ДИҚҚАТИ ШАҲРВАНДОН. Дар назди намояндагиҳои Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд
Ҳайати ситоди мушоҳидони байналмилалии ИДМ бо ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 шинос шуд
Мушоҳидони ИДМ бо комиссияҳои ҳавзавии якмандатии интихоботии шаҳри Душанбе №2 ва Файзобод №11 шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Иштирок дар интихобот масъулияти бузурги шаҳрвандӣ аст
Вобаста ба интихобот ҳамчун арзиши демократӣ дар низоми сиёсии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир шуд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Он падидаи муҳими ҷомеаи демократӣ мебошад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд
Аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Махфират Хидирзода: «Дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст»
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати мушоҳидони ИДМ мулоқот баргузор гардид
Мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ба муддати дароз назорат мекунанд