НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 75 фоизи ҳолати қонунвайронкунии замин бартараф карда шуд

Февраль 11, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  12 ҳазору 554 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид, ки 361 ҳолат нисбат ба соли 2023 кам аст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас 9445 ҳолат ё 75 фоизи ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф карда шуд. Ин матлабро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар нишасти матбуотӣ баён намуд.

Аз тарафи нозирон нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 6 миллиону 946 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардида, 5 миллиону 669 ҳазору 372 сомонӣ  ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ  ва мақомоти маҳаллии  он ворид шуд, ки нисбат ба соли   2023 ба маблағи 526 ҳазору 524 сомонӣ зиёд мебошад.

Ориф Хоҷазода гуфт, ки «барои додани баҳои ҳуқуқӣ 1025 мавод ба прокуратура ва 911 мавод барои ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид, ки ин низ ба сари вақт ворид намудани ҷаримаҳо мусоидат намуд».

Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони Кумитаи давлатӣ ва кумитаҳои идораи замин дар маҳал барои  сари вақт ошкор ва бартараф намудани қонунгузории замин тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3081 маротиба санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод намуданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад