НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 75 фоизи ҳолати қонунвайронкунии замин бартараф карда шуд
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ҳазору 554 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид, ки 361 ҳолат нисбат ба соли 2023 кам аст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас 9445 ҳолат ё 75 фоизи ҳолати қонунвайронкунӣ бартараф карда шуд. Ин матлабро Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар нишасти матбуотӣ баён намуд.
Аз тарафи нозирон нисбат ба вайронкунандагони қонунгузории замин ба маблағи 6 миллиону 946 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардида, 5 миллиону 669 ҳазору 372 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Кумитаи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии он ворид шуд, ки нисбат ба соли 2023 ба маблағи 526 ҳазору 524 сомонӣ зиёд мебошад.
Ориф Хоҷазода гуфт, ки «барои додани баҳои ҳуқуқӣ 1025 мавод ба прокуратура ва 911 мавод барои ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба Хадамоти иҷро ирсол гардид, ки ин низ ба сари вақт ворид намудани ҷаримаҳо мусоидат намуд».
Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони Кумитаи давлатӣ ва кумитаҳои идораи замин дар маҳал барои сари вақт ошкор ва бартараф намудани қонунгузории замин тибқи дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 3081 маротиба санҷиш гузаронида, хулоса пешниҳод намуданд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Тсюй Дунъюй ба муборизаи муштарак бо таҳдидҳои иқлимию иқтисодӣ даъват намуд
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Байни ширкатҳои Тоҷикистону Чин 28 санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии 647 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ муколаимаи инвеститсионӣ баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
Форуми «Сармоягузорӣ ба илм ва навоварии ҷавонон: Назари минтақавии форуми ҷаҳонии озуқаворӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ оғоз мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хоҷамастон» дар як рӯз то 700 дона хишт истеҳсол менамояд
Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ омили муҳими пешрафти китобхонаҳо аст






