НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 62 ҳазор нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар Тоҷикистон 1494 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ-экстремистӣ сабт гардид, ки нисбат ба соли 2023 226 ҷиноят ё 17,8 фоиз зиёд аст. Дар ин хусус имрӯз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакат иброз намуд, ки дар ин давра кормандони мақомоти прокуратураи мамлакат барои таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояти манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат корҳои муайянро ба анҷом расониданд.
Аз ҷумла, кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ соли 2024 6 ҳазору 973 санҷиш гузаронида, беш аз 4 ҳазор парвандаи ҷиноятӣ, ки аз он 1302 ададаш коррупсионӣ мебошад, оғоз намуданд. Инчунин дар ин давра 62 ҳазору 945 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, ҳуқуқу манфиати беш аз 261 ҳазор нафар барқарор карда шуд. Ҳамзамон соли 2024 дар ҳаҷми беш аз 1,3 миллиард сомонӣ маблағи зарар рӯёнида шуд. Аз он зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ба манфиати давлат равона гардид.
Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки дар самти қонунгузорӣ оид ба замин 1101 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд, ки 181 адади он марбут ба мансабдорон мебошад. Беш аз 4,3 ҳазор амру пешниҳод ва зиёда аз 2,1 ҳазор эътироз оварда шуд, 154,5 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида ва 7190 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳамзамон барои вайрон намудани қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қариб 1700 нафар ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» 4746 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Инчунин 237 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсили ҳатмии асосӣ ошкор ва нисбат ба ҷавобгарон тадбирҳо андешида шуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






