НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ёвон 5 коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
ЁВОН, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар ноҳияи Ёвон 5 коргоҳи нави саноатӣ, аз қабили коргоҳҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муҳаммад пласт» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рустам пластик», бомпӯшҳои оҳанини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дидор сохтмон», истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хиштҳои сабуки Ёвон» ва истеҳсоли мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Имрон мебел» бо 20 ҷойи кори доимӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода ибрози назар намуд.
Ҳамчунин боиси хурсандӣ аст, ки 7 ноябри соли 2024 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базаи корхонаи истеҳсоли гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуаҷиан Ғаюр индастриал» хати нави истеҳсоли амстронг бо иқтидори истеҳсоли 3 миллион метри мураббаъ амстронг дар як сол бо 35 ҷойи кори доимӣ, корхонаи истеҳсоли гаҷкартони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи гаҷ» бо иқтидори истеҳсоли 1 миллион метри мураббаъ маҳсулот дар як сол бо 40 ҷойи кори доимӣ, корхонаи истеҳсоли механизмҳои борбардори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Де Банг Тоҷикистон» бо ҷалби сармояи дохилӣ дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳана бо 18 ҷойи кори доимӣ ва корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабрин тиллои сафед» бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна пахта дар як сол бо 35 ҷойи кори мавсимӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2024 корхонаю коргоҳҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 1 миллиарду 779 миллиону 711 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2023 22 миллиону 187 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш дар ин давра 103,2 фоизро ташкил дод. Инчунин соли 2024 корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 121 ҳазору 631 тонна ва корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 117 ҳазору 50 тонна семент истеҳсол намуданд, ки маблағи умумии он 212 миллиону 207 ҳазор сомониро ташкил дод. 10,2 фоизи сементи истеҳсолшуда ба хориҷи мамлакат содирот гардид.
Бо мақсади беҳтар сохтани сифати таълиму тарбия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, саҳми соҳибкорон ва волидайни хонандагон бо харҷи беш аз 7 миллиону 948 ҳазор сомонӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 6, 18, 28, 42, 48, 49, 78 ва 48 биноҳои иловагӣ барои 2400 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар айни замон бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3, 20, 23, 37, 39, 54, 69 сохтмони биноҳои иловагӣ барои 3000 хонанда дар ду баст идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид






