НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Ҳисор соли 2024 ба хориҷи мамлакат, хусусан ба Федератсияи Русия ва Қазоқистон беш аз 11,3 ҳазор тонна меваи тару тоза ва хушкмева содирот намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 қариб 3,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода иттилоъ дод.
Маҳсулоти ба хориҷи мамлакат содиротшуда асосан меваи тару тоза ва хушкмева, аз ҷумла беш аз 10,4 ҳазор тонна ангур, 450 тонна олу, 355,7 тонна себ, 79 тонна лимӯ, 13 тонна хурмо ва 23 тонна меваи хушк мебошад.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ соли 2024 дар шаҳри Ҳисор ба беш аз 1,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 беш аз 154 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати рушди он 111,1 фоизро ташкил медиҳад.
Аз 57,3 ҳазор гектар заминҳое, ки дар истифодаи кишоварзӣ мебошанд, беш аз 7,4 гектари он заминҳои корами обӣ, зиёда аз 4,9 гектар заминҳои корами лалмӣ, қариб 4 ҳазор гектар боғот, беш аз 3,5 ҳазор гектар токзор, 198 гектар тутзор, 11 гектар парваришгоҳи ниҳол ва 37,7 ҳазор гектар чарогоҳи тобистона мебошад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






