НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маконҳои сайёҳии Тоҷикистонро 1 миллиону 400 ҳазор ҷаҳонгардон тамошо намудаанд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба Тоҷикистон 1 миллиону 400 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ (тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ) ворид гардиданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 16,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 2024 аз давлатҳои хориҷӣ 1 миллиону 603,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар ин давра шумораи шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кардаанд, 1 миллиону 469,3 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз ин шумора 1 миллиону 285,4 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ омадаанд. Аз давлатҳои хориҷи дур 134,0 ҳазор нафар ва аз он 114,8 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ омадаанд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки барои рушди ҳамкории судманд бо шарикони стратегӣ дар бахши сайёҳӣ то имрӯз 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон (2 санад), Қазоқистон (2 санад), Русия (2 санад), Швейтсария, Фаронса, Туркманистон, Озарбойҷон (2 санад), Эрон, Покистон (2 санад), Беларус, Қатар, Кувайт (2 санад), Швейтсария, Туркманистон, маҷаллаи машҳури «Ҷаҳони дипломатӣ» («Diplomatic World»), Италия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамкорӣ дорад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






