НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид

Февраль 5, 2025 10:09

ДУШАНБЕ, 05.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 барои нафақагирон  хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои  иҷтимоӣ дар корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи маълумоти нақшавӣ дар  соли 2024  дар маҷмуъ 337,9 миллион  сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023   32,1 миллион сомонӣ ё 10,5 фоиз зиёд мебошад.

Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт, ки соли 2024 бо мақсади таъмини татбиқи саривақтии  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршуда индексатсия (зиёд) карда шуд.

Дар натиҷаи амалисозии  фармон андозаи нафақаи 775 008 нафар нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафақа ба чунин нишондиҳандаҳои хуб баробар гардид:

— нафақаҳои суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ баробар карда шуд.

— нафақаҳои меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ баробар карда  шуд.

— нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар карда шуд.

Андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 106,17 сомонӣ зиёд гардида, аз 368,9 сомонӣ ба  475,07 сомонӣ баробар карда шуд.

Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, шуруъ аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳо бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегарданд.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд  ки дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 январи соли 2025,   836 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола-  34 034 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1168 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 502 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 21 нафар ва шумораи  иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ- 140 нафарро ташкил медиҳад.

Фируза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2025 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 шаш санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳолати риоя накардани талаботи қонуни танзими ҷашну маросим 74 адад зиёд шудааст
Бо ташаббуси ҲХДТ беш аз сад нафар кӯдак ба лагерҳои истироҳатию фароғатӣ сафарбар шуданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ низоми нави андозбандии электронӣ баррасӣ шуд
Имсол теъдоди муассисаҳои фарматсевтӣ ва дорухонаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61 адад зиёд гардидааст
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3244 нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли равон дар Мастчоҳ, Исфара ва Хуҷанд биноҳои нави тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар соҳаи тандурустӣ навовариҳо амалӣ гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли равон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон афзоиш ёфтааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 31 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
Беш аз 2970 нафар дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд