НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд

Февраль 1, 2025 16:29

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 696 ҳазору 427 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Бинобар гузаронидани чораҳои зарурӣ забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд. Дар ин хусус 29 январ зимни нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Дар ин давра 93 ҳазору 652 сар чорвои калони шохдор аз санҷиши бемории сил гузаронида шуд. Дар айни замон ҳолати эпизоотӣ ва вазъи солимии чорво дар хоҷагиҳои давлатӣ нисбат ба бемориҳои буғумдард ва сил нисбат ба солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.

Инчунин дар нишаст иброз гардид, ки дар маҷмуъ давоми соли 2024 аз тарафи мутахассисони Раёсати кумита дар шаҳри Душанбе якҷоя бо кормандони Прокуратураи шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набудан 8290 килограмм маҳсулоти гӯштӣ аз муомилот гирифта шуда, безарар гардонида шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию беҳдоштии аҳолӣ аз ҳисоби мутахассисони корхонаҳои зертобеи кумита бо ҷалби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд. Ин гурӯҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои зоонозиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Февраль 1, 2025 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид