НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия соли 2025 Платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба истифода медиҳад

Февраль 13, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд платформаи нави Сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро таҳия дорад, ки тибқи нақша соли 2025 ба истифода дода мешавад. Плафтормаи нав ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки аз хизматрасонии давлатӣ ба таври фосилавӣ — онлайн истифода баранд. Яъне, аризаю дархостҳоро барои гирифтани хизматрасонии давлатӣ ба тариқи онлайн ирсол намоянд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода дар посух ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба андешаи Нигина Ализода, дар айни замон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд кор барои ба анҷом расонидан ва шуруъ намудани платформаи САҲШ-2 идома дорад.

«Тибқи ин платформа байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия ва Агентии инноватсия ва технологияҳои нав мубодилаи маълумот доир мешавад. Дар назар аст, ки сабти бақайдгирии давлатии ҳолати шаҳрвандӣ, бақайдгирии таваллуд ва вафот дар ин платформа ба тариқи онлайн ба қайд гирифта мешавад. Яъне платформаи нав имконият медиҳад, ки додугирифти маълумот бо вазорату идораҳо дар реҷаи онлайнӣ анҷом дода шавад»,-афзуд ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2020 инҷониб коргузорӣ дар мақомоти Сабти асноди шаҳрвандӣ тавассути низоми электронӣ амалӣ шуда, ҳамаи сабтҳо ба тариқи рақамӣ тартиб дода мешаванд. Таъкид гардид, ки бо дастгирии шарикони рушд то охири соли 2025 бояд ҳадди ақалл 1 миллиону 350 ҳазор сабти бойгонӣ ба шакли рақамӣ гузаронида шавад, ки ҳоло ин рақам ба 200 ҳазор расидааст.

Аз соли 1935 дар бойгонӣ маълумот вуҷуд дорад, ки бояд ҳамаи он ба шакли рақамӣ гузаронида шавад.

Вобаста ба гузариш ба Ҳукумати электронӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ иброз гардид, ки шуруъ аз 10 июли соли 2024 ҳамаи хизматрасониҳо ба тариқи ғайринақдӣ тавассути низоми пардохти ҳушманд «smart pay» амалӣ карда мешаванд.

«Дар тамоми сохторҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон барои амалисозии низоми ҳушманд таҷҳизоти зарурӣ пайваст гардидаанд. Агар соли 2023 19 пос-терминал хизмат мерасонид, ҳоло ин шумора ба беш аз 161 адад расидааст»,-иттилоъ дода шуд зимни нишасти матбуотӣ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 13, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд