ОГОҲӢ. 25-26 феврал дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад

Февраль 24, 2025 16:23

ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/.  25-26 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

25 феврал дар бештари минтақаҳои водию доманакӯҳӣ ва шаҳри Душанбе бориши борон дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ охири рӯз бориши борон ба барф табдил меёбад. Инчунин дар ағбаҳо ва минтақаҳои баландкӯҳ бориши барф дар назар аст.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат,  26 феврал дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ шабона гузариши борон ба барф дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои минтақаҳои баландкӯҳ пастшавии ҳарорат то 10-12 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати то 9-14 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 20-25 метр дар як сония мевазад.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ бинобар номусоидии ҳаво, аз ҷумла хавфи сар задани тарма, яхбандӣ, фаромадани туман ва бадшавии дурии биниш пешгӯӣ мешавад.

Инчунин аз 25 то 27 феврал бинобар бориши борон дар баъзе минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок (километрҳои 62-74-уми шоҳроҳ) ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки дар чунин вазъи номусоиди обу ҳаво дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ эҳтиёткор бошанд.

АКС: Dushanbe-travel

Февраль 24, 2025 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид