«ҶОМИ РУШД-2025». Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар дастаи Эрон зафар ёфт
ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии ниҳоӣ дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025», ки дар Минск идома дорад, тими наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини бар дастаи Эрон пирӯз гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар силсилазарбаҳои пеналти футболбозони мо бо ҳисоби 4:1 ғалаба намуданд.
Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи шаҳри Минск чаҳор бозӣ анҷом дод. Қаблан дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот аз дастаҳои Беларус (0:1) ва Узбекистон (1:3), инчунин аз Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия (0:1) мағлуб шуда буд.
Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷоми Осиё-2025 дар Арабистони Саудӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) рақобат менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






