Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд

Февраль 20, 2025 17:35

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ, бахусус намояндагони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Роҳи оҳани Тоҷикистон, ширкатҳои хадамотрасони нақлиётӣ, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, масъулони тарабхонаю меҳмонхонаҳои ҳудуди пойтахт ва бахши ҳунармандӣ мулоқот доир  шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, дар мулоқот роҳбари гурӯҳ — муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва ҳайати гурӯҳ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешрафти босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба ҳисоб меравад. Он сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқию бебаҳс ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

Зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосӣ ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ мешуморад. Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд шаванд.

Иштирокдорон даъват шуданд, ки дар рушди сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии иқтидори соҳа саҳм гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши самараноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳу тавзеҳи он дар ҷомеа қарори дахдори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 январи соли 2025  ба тасвиб расид. Дар асоси он нақшаи чорабиниҳои мулоқоту суҳбатҳо ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ тасдиқ гардид.

Шуруъ аз 30 январ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни сокинону фаъолони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун силсилавохӯрию суҳбатҳо доир карда мешаванд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Февраль 20, 2025 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд