Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, барномавии ҳаёти давлат ва ҷомеа дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои солҳои дароз пешбинӣ карда, барои халқи мо чун санади сарнавиштсоз ва роҳнамо хизмат менамояд. Мудири бахши қабули шаҳрвандони раёсати коргузорӣ, назорат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Ализода дар ин мавзуъ чунин изҳори назар намуд:
— Агар ба таҷрибаи пешниҳоди Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат назар намоем, маълум мешавад, ки ин падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷумҳуриамон аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Бояд гуфт, ки чун паёмҳои қаблӣ дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ яке аз масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон қарор дошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «… дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсолию иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Дар ҳамаи ин корҳои хайри ободонӣ саҳми соҳибкорон ва сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад».
Дар ҳақиқат соҳибкорон ва сокинони баору номуси ватанӣ дар ободонию созандагӣ ва пешрафту тараққиёти Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Бинобар ин, Роҳбари давлат ба ҳамаи соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва кулли мардуми Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти мамлакат сипосу миннатдории самимӣ баён намуданд.
Президенти Тоҷикистон бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур донистанд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо (ба истиснои хавфҳои андоз) боз ҳам маҳдуд карда шавад. Дар робита ба ин, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки дар давраи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуфташуда бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойи кор ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шавад.
Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдор дар муҳлати як моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба амалисозии ин пешниҳод таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ манзур намояд.
Бо мақсади амалӣ намудани дастури Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» аз 10 январи соли 2025 қабул карда шуд. Дар асоси он ба ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон гардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки барои иҷрои ин фармон дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор манзур намояд. Тавре аз таҷриба маълум аст, дар назар дошта шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» қабул карда шавад, зеро ин ягона қонуне аст, ки асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз мекунад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» (аз 8 июни соли 2022) мафҳуми мораторий ба санҷишҳо бо мазмуни зерин маънидод шудааст: «Мораторий ба санҷишҳо – муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси ин қонун ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ».
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008 – 2022 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) дар ҷумҳурӣ 4 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шуда буд.
Мораторияҳои эълонгардида ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид бобати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойи кор, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ ба беҳбуди некуаҳолӣ мусоидат намуданд.
Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ махсус таъкид намуда, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳоро муваззаф намуданд, ки фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва дар маҷмуъ ба рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ равона шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба омӯзиш ва баррасии Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ –суҳбати рӯбарӯ ва самимӣ бо мардум
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
ИЛМ ВА МАОРИФ — САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК. Андешаҳо баргирифта аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Паём барномаи стратегӣ буда, дурнамои рушди устувори минбаъдаро муайян менамояд
ТОҶИКИСТОН-САРЗАМИНИ ДОРОИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ МЕТАЛЛҲОИ РАНГА ВА НОДИР. Назари илмӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ёвон ҷиҳати таъмини иҷрои нишодиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон баргузор шуд
«ЗАНОН — ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар Душанбе ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид






