«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиш доир шуд

Февраль 11, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 11.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар мавзуи «Паём — роҳнамои фардои дурахшони миллат» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иттилоъ доданд.

Зимни ҳамоиш иброз шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 ба масъалаи иҷтимоии тарбия, нақшу мақоми инсон, донишҷӯ, омӯзгор, падару модар ва дигарон дар ҷомеа аҳамияти бештар дода шудааст. Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мутахассисони варзида омода намоем, то дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир бошанд».

Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод гардид, ки солҳои 2025 — 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Доир ба ин зарур аст, ки ба илмҳои  техникӣ ва технологияи инноватсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Дар ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба аҳамияти таърихии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва рушди устувори соҳаи маориф  мубодилаи афкор намуданд.

 АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар  ба номи Носири Хусрав

Февраль 11, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рақамикунонии соҳаи нақлиёт яке аз ҷузъҳои меҳварии иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон аст
Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ташхис ва табобати бемориҳо ба тибби тоҷик зиёда 2 ҳазор амалиёти нав ворид гардид
Дар Тоҷикистон қариб 1000 километр роҳу пул ва долонҳои зиддитармавӣ бунёд ва таҷдид карда мешаванд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таҳкими фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Ҳадафи олии сиёсати давлати Тоҷикистон таҳияи зиндагии шоиста барои аҳолӣ мебошад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба намояндагони субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ тавзеҳ дода шуд
Роҳиоҳанчиёни мамлакат нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Тоҷикистонро иҷро менамоянд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст
Дар шаҳри Норак вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
ИНКИШОФИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ. Онҳо заминаи устувори моддӣ, техникӣ ва технологӣ барои таълим ва тарбияи кӯдакону наврасон мебошанд
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд