«ПИРЯХҲО-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид

Февраль 27, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо — 21 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Дар конфронси илмӣ директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва олимону мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сухан намуданд.

Олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Тоҷикистон-пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон», «Ҳифзи пиряхҳо – наҷоти башарият», «Дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти обу иқлим», «Пиряхҳо – манбаи асосии обҳои ошомиданӣ» ва «Инъикоси ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ» маърузаи илмӣ намуданд.

Баъди анҷоми конфронси илмии ҷумҳуриявии «Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон» иштирокдорони он толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро дар Осорхонаи миллӣ тамошо намуданд.


Бояд гуфт, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-ум қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро ва бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфт. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.

Тибқи ин қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

Ҳамзамон моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида мешавад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 27, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад