«ПИРЯХҲО-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо — 21 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Дар конфронси илмӣ директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода ва олимону мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ сухан намуданд.
Олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Тоҷикистон-пешоҳанги омӯзиши пиряхҳо дар ҷаҳон», «Ҳифзи пиряхҳо – наҷоти башарият», «Дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти обу иқлим», «Пиряхҳо – манбаи асосии обҳои ошомиданӣ» ва «Инъикоси ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ» маърузаи илмӣ намуданд.
Баъди анҷоми конфронси илмии ҷумҳуриявии «Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон» иштирокдорони он толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-ро дар Осорхонаи миллӣ тамошо намуданд.


Бояд гуфт, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни баргузории иҷлосияи 77-ум қатъномаи «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро ва бо пуштибонии 153 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид пазируфт. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.
Тибқи ин қатънома 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Инчунин дар назди Созмони Милали Муттаҳид Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Ҳамзамон моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо гузаронида мешавад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






