ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд

Февраль 20, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕП) 18 феврали соли 2025 ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёравӣ — тағйирёбии иқлим, талафёбии гуногунии биологӣ ва ифлосшавӣ даъват намуда, ҳушдор додааст, ки пешрафт дар тамоми самтҳо суст ва нобаробар боқӣ мемонад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Новости ООН» хабар медиҳад.

Директори иҷроияи Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид Ингер Андерсен зимни ифтитоҳи гузориши солонаи агентӣ иброз намуд, ки “соли гузашта дар талошҳои ҷаҳонӣ барои мубориза бо буҳрони сегонаи сайёравӣ ҳам муваффақият ва ҳам ноумедиҳо ба амал омаданд”. Вай инчунин ба вазъияти шиддатноки геополитикӣ ишора намуд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист монеъ мешавад.

«Ҳатто дар замонҳои душвори геополитикӣ ҳамкорӣ, новобаста ба сарҳадҳо ва тафовутҳо ягона роҳи ҳифзи асоси мавҷудияти башар – сайёраи Замин маҳсуб мешавад», — афзуд Андерсен.

Дар гузориши Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид оид ба холигии партовҳо дар соли 2024 ҳушдор дода шудааст, ки давлатҳо бояд то соли 2030 мизони партовҳоро 42 дарсад коҳиш диҳанд, то гармшавии глобалиро дар доираи нишондиҳандаи мақсадноки 1,5 дараҷа, ки дар созишномаи Париж мувофиқа шудааст, нигоҳ доранд.

Мувофиқи нақшабандии иқлимӣ, агар тадбирҳои қатъӣ андешида нашаванд, ҳарорат дар ин аср метавонад то 2,6-3,1 дараҷа боло равад, ки пайомадҳои он фалокатбор мешаванд.

Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид бо зиёда аз 60 кишвари дорои даромади паст ва миёна барои суръатбахшии гузариши онҳо ба мошинҳои барқӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки ин қисми чорабинии васеъмиқёс оид ба коҳиш додани партовҳо дар бахши нақлиёт маҳсуб мешавад.

Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид таъкид менамоянд, ки лоиҳаҳо дар сатҳи давлатҳо, аз қабили хариди мошинҳои барқӣ дар Антигуа ва Барбуда ва қонунгузорӣ дар бораи сармоягузории нақлиёти «сабз» дар Кения ҷаҳонро ба самти беҳтар тағйир медиҳанд.

Ифлосшавии пластикӣ, ки яке аз таҳдидҳои глобалии экологӣ мебошад, боз як самти муҳими фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Ҳамин тариқ, талошҳои байналмилалӣ барои ба мувофиқа расидани созишномаи глобалии аз ҷиҳати ҳуқуқӣ уҳдадорикунанда дар ин соҳа идома доранд.

Соли 2024 дар Пусан (Кореяи Ҷанубӣ) аз 32 моддаи санади нав 29-тоаш мувофиқа карда шуд. Бо вуҷуди ин музокирот оид ба матни ниҳоӣ идома доранд. Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид давлатҳоро даъват менамояд, ки то даври навбатии муҳокима ихтилофоти худро бартараф намоянд.

«Роҳбари Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ба қадамҳои қавитар, бахусус дар чаҳорчӯби омодагии давлатҳо ба даври навбатии саҳмҳои аз ҷониби миллӣ муайяншуда (NDC) барои маҳдуд намудани гармшавии глобалӣ, ки онҳоро бояд охири моҳи феврал пешниҳод созанд, даъват намуд.

«Ҳарорат боло меравад, экосистемаҳо аз байн мераванд ва ифлосшавӣ ҳамчун таҳдиди марговар боқӣ мемонад. Инҳо мушкилоти ҷаҳоние ҳастанд, ки ҳалли глобалӣ талаб менамоянд»,-гуфт Ингер Андерсен.

Президенти Тоҷикистон дар ин маврид ҳушдор дода буданд

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Имрӯз масъалаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои тағйир ёфтани иқлими сайёра мебошанд. Ҳоло ин мушкилӣ ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз доштанд, ки «солҳои охир офатҳои табиӣ дар баробари хушксолиҳои пайдарпай ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламраваш кӯҳсор мебошад, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир аст. Офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллари амрикоӣ зарар расонида, мутаассифона, дар бисёр мавридҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ мегарданд».

Бояд гуфт, ки гармшавии бесобиқаи ҳаво боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳоле аст, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳо аст, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Тоҷикистон мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро авлавияти сиёсати давлатии худ муайян кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар тамоми суханрониҳояшон доир ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла афзоиши тӯфонҳо изҳори нигаронӣ менамоянд.

Яке аз сабабҳои тағйирёбии иқлим, ки боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ гардидааст, гармои шадид дар саросари ҷаҳон ва эҳтимоли баландшавии ҳарорат дар кураи Замин мебошад.

Воқеан, тавре ки Президенти Тоҷикистон 17 августи соли 2024 зимни суханронӣ дар ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор» иброз намуданд, «раванди тағйирёбии иқлим имрӯз нишони он аст, ки эҳтимол дар чанд соли оянда вобаста ба баландшавии ҳарорати ҳаво мо шоҳиди боз дигар рақамҳои рекордӣ гардем».

Воқеан, ин пешгӯии Президенти Тоҷикистон низ тасдиқи худро ёфт.

Тавре 14 ноябри соли 2024 АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» хабар додааст, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш дар ҳошияи Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29) дар Боку дар мавриди тағйирёбии иқлим изҳори назар намуда, гуфтааст, ки соли оянда, яъне соли 2025 метавонад гармтарин сол дар таърихи инсоният гардад.

«Соли 2024 нишон дод, ки офатҳои иқлимӣ ҳодисаи маъмулӣ гардидаанд. Соли оянда шояд гармтарин сол дар таърих шавад. Дар баъзе давлатҳо ҳарорати ҳавое муқаррар шудааст, ки аз ҳадди тобоварии инсон зиёдтар мебошад. Ва мо дар саросари ҷаҳон шоҳиди боронҳо ва тӯфонҳои рекордӣ, сӯхтор ва хушксолиҳои марговар будем», -иброз намудааст роҳбари созмони ҷаҳонӣ.

Зимнан бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Тибқи қарори Маҷмаи Умумӣ, ҳамчунин 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар гардида, таҳти сарпарастии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе аввалин Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад. Ин чорабинии муҳим зарурати фаврии ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба дастрасии об, амнияти озуқаворӣ ва некӯаҳволии ҷомеаро таъкид менамояд.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 20, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАНОН ВА ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛ. Занону духтарон ҳуқуқ доранд касбу ҳунар ва самти фаъолиятро озодона интихоб намоянд
АРТИШ — СИПАРИ АМН, РАЗМ, ТАВОНУ ИҚТИДОР. Ҳадафи аслии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъмини амнияти халқу Ватан аст
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Дар Тоҷикистон ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо эҳтиром гузошта мешавад
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
ЧАРО БАЪЗЕ АЗ НИҲОЛҲОИ ШИНОНИДАШУДА ХУШК МЕГАРДАНД? Ва ё барои пешгирии ин ҳолат чӣ бояд кард?
ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
«EDONISH». Тавассути ин барнома ба хонандагон зиёда аз 27 миллион баҳо гузошта шуд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон: «Сано бодо ба модари тоҷик — Ситорабону, ки Сино – нобиғаи асрҳоро ба мо ва аҳли башар тақдим намуд»
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти он