«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»

Февраль 13, 2025 15:06

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Матлабе, ки дар зер пешниҳод мешавад, «Ривояти Эмомалӣ Раҳмон» ном дошта, ба қалами Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар, аъзои Шурои машваратии «Сангар» тааллуқ дорад.

— Як нависанда ва пажуҳишгар ва ҳар касе вақте мавзуеро матраҳ мекунад, бояд он мавзуъро бо далел ва афкори солим баррасӣ ва арзёбӣ намояд. Ман як форсизабони хориҷӣ ҳастам, яъне аз Тоҷикистон нестам, аммо дар бораи Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақола менависам. Пурсиш ин метавонад бошад, ки чаро бояд мақола бинависам? Посухи ман ин аст, ки тадбирҳои фарҳангии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои посдорӣ аз фарҳанги ҳамаи форсизабони ҷаҳон судманд ва ниҳоят пураҳамият аст. Бинобар ин, мани форсизабон ҳақ дорам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бинависам, қадрдон ва сипосгузори Ҷаноби Олӣ бошам, зеро Эмомалӣ Раҳмон бо посдорӣ аз фарҳанги тоҷикон ва ориёиҳо аз ҳувият ва фарҳанги ҳар ориёӣ ва форсизабон дар ҷаҳон ҳимоят менамоянд.

Дар оғози ин матлаб ду мавзуъро дар бораи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон матраҳ намудам, ки яке “Паёмовари сулҳ” ва дуюмӣ “Паёмовари огоҳии миллӣ” аст. Чунонки дар оғози матлаб ишора шуд, ҳар мавзуе бояд бо далел ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бар ин асос ман бояд дар бораи ду мавзуъ далел биоварам ва собит намоям, ки чаро ин ду мавзуъро дар бораи Ҷаноби Олӣ матраҳ мекунам.

Мавзуи аввалро мехоҳам бо як матлаби форсӣ ва достоне аз “Гулистон”-и Саъдӣ мавриди баррасӣ қарор диҳам. Дар “Гулистон»-и Саъдӣ достонест, ки «подшоҳе бо ҷамъе аз афрод дар киштӣ савор буданд, аммо яке аз афрод, ки ҳеҷ гоҳе савори киштӣ нашуда буд, аз тарс бисёр нороҳатӣ ва сарусадо мекард. Ҳакиме дар киштӣ буд, аз подшоҳ иҷоза гирифт, то он фардро ором кунад. Подшоҳ иҷоза дод. Ҳаким гуфт, ӯро ба дарё андозед, чанд сарбоз ӯро ба дарё андохтанд ва пас аз чанд лаҳза аз мӯяш гирифтанд, ба киштӣ баргардониданд. Он фард дар гӯшае хазид ва ором гирифт ва қадри киштиро фаҳмид. Ҳаким гуфт, касе “қадри офиятро медонад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Он фард то ғарқ шудан ба мусибате гирифтор наомада буд, қадри офият дар киштиро намедонист».

Ин достонро барои ин ривоят кардам, ки имрӯз миллати тоҷик ба хотири мудирият ва сиёсати мудаббиронаву хирадмандонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар офият, амният ва оромӣ ҳастанд. Шояд бархе аз афрод ин офиятро дарк накунанд ва ончунон ки лозим аст, қадри онро надонанд. Чаро? Барои он ки аз рӯзе, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон паёми сулҳ овард ва сулҳу ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон асос гузошт ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшид, хушбахтона, аз он ба баъд мардуми Тоҷикистон дигар мусибатеро надидаанд, ки қадри офияту оромии мавҷудро бидонанд. Бино бар ин, бояд мардумро мутаваҷҷеҳи офияту оромии мавҷуд кард, то мусибати гузаштаро ба ёд биоваранд ва қадрдони офияту оромии имрӯза бошанд. Кишвари ҷангзадаро дар наздики худ ва кишварҳои ҷангзадаи дигари ҷаҳонро бубинанд, ки мардумашон чӣ қадар дучори мусибатанд, аммо, хушбахтона, дар Тоҷикистон бинобар тадбири ин инсони бузург, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, амнияту осоиш барқарор аст ва давлати Тоҷикистон яке аз кишварҳои амну ороми ҷаҳон аст. Ба назари ман, ҳар фарди тоҷик ва умуман кулли мардуми Тоҷикистон қадри Президент ва офияту оромии мавҷуд дар давлатро бояд бидонанд, то ин офият ва амният дар кишвар ҳар чӣ бештар пойдор ва устувор бимонад.

Вақте ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сулҳ ва ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон барқарор намуд, ба мавзуи бисёр сарнавиштсози дигар таваҷҷуҳ кард, ки мавзуи ҳувият ва худшиносии миллии тоҷикон буд.

Агар ҳақиқатро бигӯем, он чӣ имрӯз ба номи ҳувияти эронӣ, адабиёти эронӣ, ривоят ва ҳамосаи миллӣ, адабиёти форсӣ ва забони форсӣ ёд мешавад, дар давраи Сомониён асос ва бунёд гузошта шуданд. Сомониён тоҷик буданд. Тоҷикон яке аз қавмҳои бузурги ориёӣ ҳастанд. Фикр кунем, агар ҳукумати Сомониён рӯи кор намеомад, имрӯз мо адабиёти форсӣ, ҳамоса ва ривояти миллиро дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва ғайраҳо доштем?!

Ба назари ман надоштем, зеро шоҳони сомонӣ ва дарбори фарҳангии Сомониён буд, ки адабиёти форсӣ ва ривояту ҳамосаи миллиро асос гузоштанд. Аммо пас аз ҳукумати Сомониён нақши Сомониён ва тоҷикон дар шаклгирии забону адабиёти форсӣ ва ривояту ҳамосаи миллӣ ва мардум ба фаромӯшӣ сипурда шуд ва шаклгирии забону адабиёти форсӣ бештар ба ҳукуматҳо ва ақвоми дигари ориёӣ, аз ҷумла ба эрониён тааллуқ гирифт. Дуруст аст, ки ҳамаи ақвоми ориёӣ дар шаклгирии адабиёт ва забони форсӣ нақш доштаанд, аммо нақши асосиро пас аз ислом дар шаклгирӣ ва ривоҷи забону адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ Сомониён ва тоҷикон доштанд.

Нақши тоҷикон дар шаклгирии забон ва адабиёти форсӣ ва ривояти миллӣ пас аз Сомониён то оғози давраи роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Хушбахтона, маҳз давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тоҷикон аз лиҳози фарҳангӣ ва миллӣ дар ҷойгоҳи таърихии худ қарор гирифтанд ва ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар нақши тоҷикон дар шаклгирии ҳувият ва фарҳанги ориёӣ кард ва кишварҳои минтақаю ҷаҳон, ҷойгоҳи тоҷиконро дар шаклгирии фарҳанги ориёӣ, адабиёту забони форсӣ ва ривояту ҳувияти миллӣ дарк карданд.

Биёед, воқеъбинона ин саволро матраҳ кунем, ки кадом шахсияти сиёсӣ дар кишварҳои форсизабон бештар аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои фарҳанги тоҷикон ва дар кулл барои фарҳанги ориёӣ ва адабиёту забони форсӣ заҳмат кашида ва талош кардааст? Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона талош карда, заҳмати зиёд кашидааст, намуна ва мисол биоваред! Ҳақиқат ин аст, ки дар замони муосир дар кишварҳои форсизабон мо ғайр аз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон шахсияти сиёсии дигаре надорем, ки барои ҳувият ва фарҳанги тоҷикон, ориёиҳо ва форсизабонҳо дилсӯз бошад.

Ҷашни Наврӯз, ҷашни Чилла (Ялдо), ҷашни Меҳргон ва соири ҷашнҳои ориёӣ ва ривоятҳои миллию мардумии ориёӣ дар кишварҳои форсизабон ва дар ҷаҳон дар ҳоли фаромӯшӣ буданд. Ин талош ва иқдомҳои ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ҷумла ҷашни Наврӯз ва ҷашни Чилла аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо карда, мӯҷиби эхёи ҷашни Меҳргон ва дигар ҷашнҳои ниёгон дар сатҳи миллӣ шуданд.

Хушбахтона, бар асоси роҳбарӣ ва сиёсати фарҳангии таъсиргузори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон марказ ва ҳувияти фарҳанги тамаддуни ориёӣ аст. Дар Эрон ва дар ҳеҷ кишвари форсизабони дигар тандисҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Куруш ва соири шахсиятҳои форсизабон ва ориёӣ дида намешаванд.

Қобили ёдоварӣ ва хурсандӣ аст, ки дар Тоҷикистон боғҳо ба номи ин бузургон номгузорӣ шуда ва барои арҷгузорию эҳтироми ин бузургон тандисҳояшон сохта шудаанд, то аз як тараф, ин бузургон фаромӯш нашаванд ва аз тарафи дигар, наслҳои ҷавон ва баъдӣ ҳарчи беҳтар ва бештар бо гузаштаи фарҳангӣ ва бо бузургони фарҳангии худ шинос шаванд.

Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон фаротар аз иқдоми амалӣ барои ҳимоят ва посдорӣ аз фарҳанги ниёгон ва ҳувияти тоҷикон андеша, идея ва фикр низ эҷод кардааст. Ҷаноби Олӣ дар китоби “Забони миллат — ҳастии миллат” барои ҳифз ва бақои ҳувияти як миллат доштани забони модариро зарурӣ медонад ва ин идеяро матраҳ мекунад, ки барои ҳифзу тақвияти ҳувият ва огоҳии тоҷикӣ ва миллӣ ба забони тоҷикӣ ва модарӣ эҳтиёҷ аст, зеро вуҷуд (ҳастӣ) ва ҳувияти миллат бо забони миллат пайванд ва иртиботи ногусастанӣ дорад.

Бинобар ин, ҷаноби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар замони ҳозир метавон содиқтарин ва серталоштарин фарзанди ориёӣ ва тоҷик барои фарҳанг, ҳувият ва ривояти ориёиҳову тоҷикон донист. Аз ин назар, ҳар тоҷик ва форсизабон чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ берун аз Тоҷикистон бояд қадрдон ва сипосгузори ин шахсияти беназир бошад.

Яъқуб ЯСНО,
нависанда ва пажуҳишгари минтақавӣ

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Февраль 13, 2025 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Дар Тоҷикистон 37 фоизи олимон занон мебошанд
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ РУШДИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар мавриди Соли маърифати ҳуқуқӣ
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
ВАКОЛАТИ КОМИССИЯҲОИ ҲАВЗАВӢ ВА УЧАСТКАВӢ. Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ПАЁМ-ҚУТБНАМОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Дар он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди устувор дарҷ шудаанд
Иқтисоди рақамӣ яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад
МАРОМНОМАИ СОКИНИ ПОЙТАХТ. Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе — муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Он омили муҳим барои ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа аст
АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани зайтун барои коҳиши холестерин муфид буда, бемории сактаи дилро пешгирӣ мекунад
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҲАРОРАТИ ГЛОБАЛИИ ҲАВО БА 1,5 ДАРАҶА РАСИДААСТ. Ин ба уҳдадории давлатҳо дар доираи Созишномаи Париж мухолифат мекунад