Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»

Февраль 19, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврали соли равон аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, 32 сол сипарӣ мегардад. Дар ин робита  чанд иқтибосро аз суханрониҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида  ба Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ  манзури хонандагон мегардонем.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

***

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокорию ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

***

Ҳифзи марзу буми мамлакат аз таҳдиду хатарҳои замони нав, хусусан дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир таъмин намудани амнияти давлату миллат ва суботу оромии ҷомеа танҳо бо доштани Қувваҳои Мусаллаҳи муташаккилу тавоно ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту техникаи пешрафтаи ҳарбӣ ва муҳимтар аз ҳама, хизматчиёни ҳарбии ватандӯсту ватанпараст, далеру ҷасур ва содиқ ба давлат ва халқи Тоҷикистон имконпазир мебошад.

***

Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад.

***

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавон ба ҳисоб меравад.

***

Ман ба далерию шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам.

***

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд.

***

 Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далерию ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар ҷумҳури барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

***

Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф, вале бисёр сангину пурмасъулияти таърихӣ – барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи озодию соҳибихтиёрии давлат, тамомияти арзии мамлакат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ба дӯш гирифтанд.

***

Маҳз дар натиҷаи шуҷоату матонат ва далерию ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ – фарзандони бонангу номуси Ватан ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид ва дар мамлакат барои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошта шуд.

***

Дар ташкили мудофиаи давлат илова ба заминаи мусоиду муосири моддиву техникӣ ва инфрасохтори замонавӣ инчунин нақши кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ва содиқ ба халқу Ватани худ бисёр муҳим мебошад.

***

Фаромӯш набояд кард, ки сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аз таълиму тарбияи самарабахшу дурусти афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ бо назардошти воқеъият ва талаботи рӯз ва инчунин ҳисси баланди ватандӯстию садоқати хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии мустақим дорад.

***

Мо аз саҳми басе арзишманди ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорон дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои бузургу таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи марзҳои муқаддаси давлати тоҷикон, таъмини амнияти давлат ва халқи Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорем.

***

Боварӣ дорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифаи бошарафу муқаддаси худ — ҳимояи Ватани маҳбубамон, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН МАВРИД ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Барномаи муҳити зисти СММ ба амалҳои фаврӣ дар мубориза бо буҳрони сегонаи сайёра даъват менамояд
Дар Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ҷамъбаст шуд
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
ЯК РӮЗИ ҲАЁТИ САРБОЗ. Дар қисмҳои низомӣ барои хизмати ҳарбӣ шароит муҳайё мебошад
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббуси Тоҷикистон барои пешгирии оқибатҳои ҳузнангез дар сайёра хеле саривақтӣ мебошад
Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид
Дар «Кохи афсарон» бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти он
«РИВОЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН». Яъқуб Ясно, нависанда ва пажуҳишгар: «Агар шумо шахсияти сиёсии дигареро дар замони муосир мешиносед, ки бештар аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди фарҳанги ориёӣ самимона заҳмат кашидааст, намуна ва мисол биоваред!»
«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд