Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадӣ таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисайнзода Назрулло ва ба вазифаи Муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилояти Суғд Мирзозода Саидшоҳ Давлат таъин гардиданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, намояндагони низомии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ва назди созмонҳои минтақавӣ ва сардорони як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, роҳбарони воҳидҳои низомӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар ҷузъутомҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар аз ҳисоби кадрҳои ҷавону варзида ва соҳибтахассуси низомӣ таъин карда шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат низомиёни ба вазифаҳои нави масъул таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ва Ватан ва мардуми Тоҷикистон, омодагии доимӣ ба ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, омодасозӣ ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, омӯзиши ҳамаҷонибаи яроқу аслиҳа ва техникаю таҷҳизоти муосири ҷангӣ ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки дар вазъияти басо ҳассосу мураккаби имрӯза дар минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як афсару сарбоз, ҳар як муҳофизи Ватан омӯзиши ҳамаҷонибаи усулҳои муосири ҳарбу зарб, ҳушёрию зиракии касбӣ ва омода будан ба ҳар гуна ҳолатҳои мунтазираву ғайримунтазира талаб карда мешавад.
Ҳамчунин доир ба ғамхорӣ ба сарбозон, роҳ надодан ба муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва таъминоти босифати эҳтиёҷоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд






