«ШАҲРИ ҲУШМАНД» ВА «ШАҲРИ БЕХАТАР». Соли 2024 чӣ қадар қоидавайрокунӣ сабт намуданд?
ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 тавассути «Шаҳри ҳушманд» беш аз 1 миллиону 133 қоидавайронкунӣ ва «Шаҳри бехатар» 227 ҳазору 347 қоидавайронкунӣ сабт гардид. Дар ин хусус имрӯз, 13 феврал зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ин вазорат Рустам Мирзомуродзода посух дод.
«Танҳо аз ҷониби «Шаҳри бехатар» ронандагоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингардро вайрон намудаанд, ба миқдори 32 миллиону 446 ҳазору 814 сомонӣ ҷарима баста шуданд»,-иттилоъ дод сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ.
Иброз гардид, ки «Шаҳри бехатар» ва «Шаҳри ҳушманд» дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ насб карда мешаванд. Дар айни замон лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар вилоятҳои Суғду Хатлон амалӣ мешавад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оғоз мегардад. Барои назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеоӣ барои нақлиёти кормандони милитсия ва дигар тадбирҳои бехатарӣ дар шаҳр 20 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Дар айни замон 90%-и корҳои ин лоиҳа ба анҷом расидааст.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз татбиқи лоиҳаи «Шаҳри бехатар» назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаю қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш мебошад. Дар доираи ин лоиҳа дар роҳҳои мошингард ва дигар ҷойҳои сайругашти оммавии мардум камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.
Инчунин бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 7 майи соли 2019 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)» таъсис дода шуд.
Мақсад аз таъсиси ин ниҳод баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифодаи иттилооти шаҳрӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонии электронӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад.
«Шаҳри ҳушманд (Smart city)» унсури шаҳрест, ки дар асоси охирин назарияҳо такмил ёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва иртиботот (коммуникатсия) ба роҳ монда мешавад.
Яке аз самтҳои асосии ин ниҳод- «бехатарии ҳушманд» мебошад, ки баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва пешгирӣ намудани шумораи ҷиноятҳоро тавассути технологияҳои рақамӣ ва дигар технологияҳои инноватсионӣ дар бар мегирад.
Ба тариқи маҷмааи назорати видеоӣ вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ ба навор гирифта шуда, бо сабти вақт ва ҷойи содиршавии ин қоидавайронкуниҳо ба маркази идоракунӣ дода мешавад. Дар натиҷа кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин наворҳоро метавонанд ҳамчун далел истифода баранд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






