Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд

Февраль 20, 2025 09:01

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои 2025-2030 дар ҷумҳурӣ Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидаанд. Тоҷикистонро зарур меояд, ки ба пешравии бузурги технологӣ ноил шавад. Ин ба ҳаёти шаҳрвандони ҷумҳурии мо чӣ таъсир хоҳад расонид? Барои инро тасаввур кардан кофӣ аст, ки ба дастовардҳои яке аз ширкатҳои пешсафи пешбарандаи инноватсияҳои рақамӣ – «МегаФон Тоҷикистон» назар афканем.

Ҳаёт бе навбатпоиҳо

Пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, барасмиятдарории қарз ё полиси суғуртаи автомобилӣ – дар шакли анъанавӣ ҳамаи ин корҳо ба раванди тӯлонӣ ва баъзан хастакунанда табдил меёфт. Зарур меомад, ки ба идораи ташкилоти зарурӣ равем, дар навбатҳо истем ва вақти зиёди худро сарф кунем. Воқеияти рақамӣ тамоман роҳи дигарро пешниҳод дорад. Якчанд дақиқа бо смартфон дар даст – ва мушкилӣ ё якчанд мушкилӣ ҳал шуд. Ҳамин тариқ, дар замимаи мобилии «МегаФон Life» метавон қарзҳои «Орзу»-ро ба даст овард ва суғуртаи автомобилиро ба расмият даровард. Дар қисми «Пардохтҳо»-и «Ҳамён»-и замима даҳҳо хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ҷамъ оварда шудаанд. Метавон бе мушкилӣ маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, боҷҳои давлатиро пардохт намуд. Ҳар яке аз ин амалиётро метавон, масалан, аз хона дар болои курсии нарм нишаста, ба амал баровард. Нуқтаи махсусан муҳим он аст, ки чунин имконият на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар ҳамаи маконҳое, ки дар онҳо шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» фаъол мебошад, дастрас ҳастанд.

Ҳаёт бе хавф

Ҳалли масъалаҳои гуфташуда бо роҳи анъанавӣ – варианти нисбатан хавфнок мебошад. Дар вақти рафтан ба бонк ё ташкилоти давлатӣ эҳтимол аст, ки ҳуҷҷатҳо ё ҳамён бо маблағ гум карда шаванд. Бо технологияҳои рақамӣ чунин ҳолат ҷой нахоҳад дошт. Бехатарии транзаксияҳои рақамӣ ва ҳифзи маълумотро технологияҳои муосири рамзбандӣ, ки аз ҷониби ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба кор бурда мешаванд, таъмин мекунанд. Агар ба ғайр аз ин тамоми воситаҳои зарурии ҳимоя, ба монанди биометрия истифода карда шаванд, барои маблағҳою маълумоти шахсии худ метавонед умуман нигарон набошед.

Ҳаёт бе интизориҳои тӯлонӣ

 Хизматрасониҳои рақамӣ – роҳи аз ҳама зуди ҳалли бисёр масъалаҳои маишист. Ин ба хадамоти мизоҷони оператор низ дахл дорад. Алҳол барои аниқкунии шартҳои тарофа, танзимкунии хизматрасонӣ ё тафтиши тавозун лозим намеояд, ки ба мушовирон зангҳо анҷом дода, ҷавоби онҳоро мунтазир шуд, зеро дар дилхоҳ сония чат-боти Доно бо муштариён дар тамос аст. Аниқтараш аллакай намунаи нави он – Dono AI дастрас аст, ки он технологияҳои зеҳни сунъиро ба кор мебарад. Чат-бот доимо бе танаффус дар амал аст, ҷавобҳоро ба саволҳои намунавӣ муштариён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон қариб якбора ба даст меоранд. Аллакай ҳозир Dono AI қариб 9 фоизи ҳамаи муроҷиатҳоро ба зиммаи худ мегирад. Бо рақам ин ҳазорҳо муштариён дар як рӯз мебошад. Зеҳни сунъӣ ба чат-бот дар гирифтани таълим – азхудкунии забони тоҷикӣ, дарки саволҳо ё паёмакҳои ғайристандартӣ, ки бо ихтисораҳо навишта шудаанд, кумак мерасонад. Бо шарофати чунин технологияҳо ба муштариён зуд ва босифат хизмат расонида мешавад.

Ҳаёт бе маҳдудият ва масофа

Бо инкишофи шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» интернети босуръат пайваста ба гӯшаҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ ворид мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто дар қишлоқи кӯҳӣ одами дорои смартфон имкон дорад, ки ба наздикони худ, ки дар гӯшаи дигари Тоҷикистон ё хориҷа зиндагӣ доранд, маблағ гузаронад. Аз тариқи интернет молҳои зарурӣ фармоиш диҳад. Ба тариқи онлайн таълим гирад. Нахустнамоишҳои синаморо якҷоя бо сокинони пойтахт тамошо намояд. Аз хизматрасониҳои давлатӣ истифода барад, масалан, бе рафтан ба маркази ноҳия маълумотномаҳоро дастрас намояд. Технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд инкишоф меёбанд ва ҳамин тавр одатҳои моро низ тағйир медиҳанд. Метавон боварӣ ҳосил кард: то соли 2030 тамоми мақсадҳои гузоштаи Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ хоҳанд шуд. Зеро ширкатҳои пешсафи самти рақамикунонӣ аллакай асоси мустаҳкам гузоштанд, то инноватсияҳои рақамӣ на танҳо мавзуи мақолаҳои рӯзномаҳо бошанд, балки ба воқеияти миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон табдил ёбанд.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Февраль 20, 2025 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд