Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон барои мизбонии Ҷоми Осиё-2031 пешниҳоди муштарак ирсол менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар баробари Узбекистон ва Қирғизистон барои қабули мизбонии Ҷоми Осиё-2031 талош менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Федератсияҳои футболи се давлати Осиёи Марказӣ ба қароре омаданд, ки барои мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дархости муштарак ирсол намоянд. Ҷоми Осиё ҳеҷ гоҳ дар Осиёи Марказӣ баргузор нашудааст.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ҳанӯз дар Конгресси CAFA соли 2023 хоҳиши пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиёро изҳор намуда буданд.
«Минтақаи Осиёи Марказии мо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ менамоянд ва боварӣ дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародари худ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор менамоем», – таъкид намуда буданд президенти CAFA Рустами Эмомалӣ.
Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронӣ дар Конгресси CAFA дар Душанбе соли 2023 аз ташаббуси Рустами Эмомалӣ дар мавриди пешниҳоди дархости муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни тимҳои миллӣ аст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






