Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти сайёҳии саноатӣ баррасӣ гардид

Февраль 13, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар самти сайёҳии саноатӣ, аз ҷумла истеҳсолу фурӯши армуғонҳои сайёҳӣ бо унсурҳои миллӣ дар вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Раиси минтақаи озоди иқтисодии ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадҷаъфари Кабирӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз дошт, ки бо сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо дар самти сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли рушд қарор доранд.

Ин ҳамкорӣ барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳо доир ба ҳама намудҳои сайёҳӣ байни ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг, ҷалби сармоягузорони эронӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва зиёд намудани ҷаҳонгардон аз ҳарду ҷониб заминаи мусоид мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии ҷонибҳо  дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International Tourism and Related Industries Exhibition», ки то 14 феврали соли равон дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, доир шуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид