Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкории байнибонкиро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Малайзия дар бахши низоми бонк, суғурта ва имконоти тавсеаи робитаҳои иқтисодӣ байни ду давлат дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Туаҳ Илёс дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бо назардошти дурнамои ҳамкории мутақобили судманд пешниҳод гардид, ки дар навбати аввал байни низоми бонкии Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ амалӣ шавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон иштироки сармояи хориҷиро дар сармояи оинномавии ташкилоти қарзии Тоҷикистон, инчунин кушодани бонки фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳо дар қаламрави мамлакат пурра дастгирӣ менамояд ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз нишондиҳандаҳои ташкилоти қарзӣ дар ҷумҳурӣ беҳтар гардида, шумораи ташкилоти қарзӣ барои гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ афзоиш меёбад.
Ҷонибҳо барои татбиқи самаранок ва риояи стандартҳои байналмилалии бонкӣ, инчунин вобаста ба баланд бардоштани иқтидори Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи танзим ва назорати ташкилоти қарзӣ, ширкатҳои суғурта, татбиқи ипотекаи исломӣ тавассути ташкилоти қарзӣ ва таҳияи заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ намудани суғуртаи такафул суҳбат намуданд.
Дар хотима мусоҳибон ба таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар самти рушди низоми бонкӣ ва бозори суғурта ҳавасмандӣ изҳор намуданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин мулоқот ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни низоми бонкии давлатҳо мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон/манбаъҳои боз










Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0520 то 11.0600 сомонӣ муқаррар шудааст
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд






