Ҳунармандони Тоҷикистон дар ҳаҷми 101,9 миллион сомонӣ маснуоти саноатӣ истеҳсол намудаанд
ДУШАНБЕ, 12.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи умумии ҳунармандон дар соли 2024 беш аз 18 ҳазору 654 нафарро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 101,9 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар ин хусус 11 феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иттилоъ дод.
Солеҳа Холмаҳмадзода изҳор намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон соли 2022 ба 65,4 миллион сомонӣ, соли 2023 ба 79,6 миллион сомонӣ ва соли 2024 ба беш аз 101 миллион сомонӣ баробар гардид. Ин нишони он аст, ки дар ҷумҳурӣ соҳаи ҳунармандӣ рушд ёфта, ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон мерос мондаанд, аҳамият медиҳанд.
Барои ташкили махзани маълумот шакли ҳисоботи омории 1 Шурои ҳунармандӣ таҳия ва бо фармоиши дахлдори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҷамъоварии маълумот аз 1 январи соли равон оғоз гардид.
Ҳамзамон иброз гардид, ки дар муассисаҳои таълимии низоми вазорат давоми соли 2024 14 ҳазору 303 нафар зану духтарони хонанишин ва дигар шаҳрвандон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






