«ВАТАНПАРВАР». Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишию ҳарбӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 21.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Ватанпарвар» байни муассисаи таълимӣ мусобиқаи варзишию ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ иттилоъ доданд.
Дар мусобиқа зиёда аз 50 варзишгари наврас аз рӯйи 8 намуди бозиҳои варзишию ҳарбӣ рақобат намуданд.
Яке аз ҳадафҳои баргузории чунин барномаҳои варзишию ҳарбӣ омода кардани наврасон барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани иқтидори зеҳнию равонӣ ва техникии қисмҳои низомии мамлакат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 1993 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ