ВАТАНРО ЧУН ФИРДАВСӢ БОЯД ДӮСТ ДОШТ! Эҳдо ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 20, 2025 10:45

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо, ки мо дар арафаи таҷлили 32-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ёдоварӣ аз асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ- «Шоҳнома», ки дар сар то сари он муқаддас будани ҳифзи Ватан таъкид шудааст, ба маврид аст. Зеро дар ин шоҳасар муҳаббату садоқат ба сарзамини аҷдодӣ, ҳифз ва ободу хуррам гардонидани он яке аз мавзуъҳои меҳварӣ маҳсуб мешавад. Ин ҳамосаи бузург дар таҳкими ҳувияти миллӣ, тарғиби ватандӯстӣ ва ҳифзи меҳан нақши барҷаста дорад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».

Дар замони пурталотуми ҷаҳонишавӣ, ки садҳо созмонҳои ифротӣ ва террористӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаашон мехоҳанд тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз ҷавонони сустирода ва ноогоҳро ба худ ҷалб созанд, ақидаҳои ватандӯстонаи Ҳаким Фирдавсй барои ҳуввияти миллӣ бағоят муҳиманд.

Тоҷи­кон бо ифтихор ва умеди зиёд ба фарзандони худ номҳои қаҳрамоно­ни «Шоҳнома»-ро мениҳанд, то давомдиҳандагони умрашон мисли онҳо дар ҳифзи Ватан пешсафу сарсупурда бошанд.

Абулқосим Фирдавсӣ ҳимоят аз Ватан­ро, ки бо ифтихор онро «Озодбум» ва ё «Шаҳри озодагон» мехонад, вазифаи муқаддаси ҳар соҳибватани бонангу номус мешуморад ва ҳамагонро ба хотири пуштибонию ҳифозат аз марзу бум, хонаву фарзанди хеш ба дӯст доштан ва ҳифзи Меҳан даъват мекунад.

Барои ин ҳакими фарзон, аз ҳама азизтар Ватан аст ва дар сар то сари «Шоҳнома» ҳаммеҳанони хешро ба дӯст доштан, ободу осуда нигоҳ доштани сарзамини хеш ҳидоят намудааст. Фирдавсӣ ишқи Ватанро он қадар азиз шумурдааст, ки гуфтааст, агар зарур шавад, ҷонро дар муҳофизати сарзамини хеш набояд дареғ дошт:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.
Ҳама сарбасар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Фирдавсӣ панд медиҳад, ки ба қадри ҷасорату шуҷоат ва ҷонисориҳои муҳофизони Ватан бояд бирасем. Зеро онҳо бар ивази ҷони худ зиндагии орому осудаи моро таъмин кардаанд. Шоир ин амалро қарзи ватандӯстонаи ҳар як шахси ватандӯст дониста, фармудааст:

Гиромӣ дор онро, ки дар пеши ту,
Сипар кард ҷон аз бадандеши ту.

Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони мамлакат дастрас карда шавад.

1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ пешниҳод намуданд, ки барои хонандагон, донишҷӯён ва калонсолон дар ҷумҳурӣ озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида шавад.

Ҳоло дар мактабҳои миёна ва муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ маҳфилҳо ва озмунҳои «Шоҳномахонӣ» гузаронида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 20, 2025 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ
МАРҲАЛАИ НАВИ ТАҲКИМИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ҳошияи қабул гардидани ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон
Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид