Вобаста ба фаъолияти китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир ҳамоиш баргузор шуд

Февраль 24, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» таҳти унвони «Китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар ҷумҳурӣ китобдорӣ яке аз соҳаҳои муҳим буда, аз рӯзҳои аввали расидан ба сулҳу  субот таҳти назорати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро доро аст, мутахассисони соҳаҳо истифодаи техникаю технологияи электрониро барои расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд.

Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён дар муддати кӯтоҳ ба иттилои зарурӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

«Дар шароити ҷаҳонишавии фазои иттилоотии муосир, тараққиёти босуръати техника ва технологияи иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ талабот нисбат ба сатҳи касбии китобдорон ва дараҷаи фарҳанги иттилоотии онҳо меафзояд. Бо назардошти воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ,  ҳалли масъалаҳои марбут ба тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва иттилоърасонӣ аҳамияти калон дорад»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Китобхона ҳамчун маркази муҳими иттилоърасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад ва ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамояд.

Гузариш аз усули анъанавии иттилоърасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонӣ барои фаъолият дар китобхонаҳо ҳатмӣ мебошад. Дар замони имрӯза пешрафти технологияи муосир-алоқаи мобилӣ, телекоммуникатсия, компютер баробари иқтисоду иҷтимоъ маҳаки рушди иттилоърасонӣ низ гардидааст.

«Китобхонаҳои Тоҷикистон дар фаъолияти худ дорои таҷрибаи ғанӣ мебошанд. Баробари таъсиси китобхонаҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба масъалаи рушди китобдорӣ ва хизматрасонӣ ба хонанда пайваста таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад»,-изҳор шуд зимни ҳамоиш.

Рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва дар ин замина талабот барои сари вақт қонеъ гардонидани ниёзҳои иттилоотии хонандагони муқимӣ ва маҷозӣ тақозо намуд, ки тамоми китобхонаҳо бо назардошти тақвияти заминаҳои молиявӣ ва моддию техникӣ  дар муҷаҳҳазгардонии китобхона бо технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ саҳм гузоранд.

Дар ҳамоиш иштирокчиён изҳор доштанд, ки қабул ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии рушди китобхонаҳои мамлакат ва компютергардонии онҳо аз тадбирҳое мебошанд, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

Имрӯз дар фаъолияти китобхонаҳо барои омӯзиш ва муайян намудани вазъи воқеии амалӣ гардидани навгониҳо дар равандҳои китобдорӣ-библиографӣ ва таҳқиқи ҷиҳатҳои мусбату манфии навгониҳо дар фаъолияти китобхонаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Имкон пайдо шуд, ки муҳаққиқон паҳлуҳои то ҳол таҳқиқнашудаи масъалаҳои истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсиониро дар фаъолияти китобхонаҳо ва марказҳои библиографӣ таҳқиқ намоянд.

Бояд гуфт, ки таъсиси китобхонаҳои электронӣ дар заминаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи талаботи замони муосир ба шумор меравад. Зеро онҳо  шакли муосири дастёбӣ ба захираҳои маънавӣ буда, тавассути технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешавад. Корбарон ба воситаи манбаъҳои электронии иттилоотӣ, бахусус тавассути китобхонаи электронӣ имкон меёбанд, ки ба маълумоти мавриди назарашон осон ва зуд дастрасӣ пайдо намоянд. Зуҳури китобхонаҳои электронӣ ва сомонаҳои интернетии маърифатӣ аз ҷумлаи падидаҳои неки асри технология буда, ҳар кадом хосияти  худро дорад.

Ёдовар мешавем, ки китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон соли 2020 ба фаъолият шуруъ намудааст ва хонандагон аз он ба таври васеъ истифода мебаранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 24, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст