Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб
Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб

Шабакаи клиникаҳои Acıbadem яке аз бузургтарин шуъбаҳои нейроҷарроҳӣ дар ҷаҳонро дорад / Акс аз Acıbadem.
Шабакаи туркии клиникаҳои Acıbadem дорои яке аз бузургтарин марказҳои нейроҷарроҳӣ (ҷарроҳии асаб) дар ҷаҳон мебошад. Дар ин ҷо дастаи мутахассисони ботаҷриба ва бо усули таҳлили дақиқ, ки аз фановарии пешрафта, усулҳои навини табобат ва равиши байнисоҳавӣ истифода мебаранд, кор ва фаъолият мекунанд. Ҳамаи ин дар маҷмуъ ба беморон ва оилаҳои онҳо аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон умед мебахшад. Одамон аз бемориҳои гуногуни асабӣ азият мекашанд: аз онҳое, ки метавон бо усулҳои оддӣ сар карда, то онҳое, ки ба ҷарроҳиҳои ҷиддӣ ва равиши байнисоҳавӣ ниёз доранд.

Дар клиникаи нейроҷарроҳии Acıbadem мутахассисони дорои таҷрибаи зиед кор мекунанд / Акс аз Acıbadem
Клиникаи нейроҷароҳии Acıbadem табобати як қатор бемориҳоро, аз ҷумла саратони (омоси) мағзи сар дар калонсолон ва кӯдакон, саръ (эпилепсия), бемории Паркинсон, бемориҳои рагҳои мағзи сар (сереброваскулярӣ), ба монанди аневризма ва норасоиҳои шараёни рагҳои хунгард (АВМ), фалаҷи мағзи кӯдакон ва дигар бемориҳоро пешниҳод мекунад.
Табобати самараноки саратони (омоси) мағзи сар
Саратони мағзи сар бемории ҷиддии неврологӣ мебошад, ки дар баробари нодир будан (тақрибан 2% аз ҳама саратонҳо) ба даҳ бемории хатарноктарини саратонҳо дохил мешавад. Он метавонанд ҳам сароғоз бошад, ки дар мағз пайдо мешавад ва ҳам метастатикӣ, ки аз дигар узвҳо паҳн мешавад. Ҷарроҳии саратон — усули асосии табобат аст. Он ба рафъи дард, барқарорсозии функсияҳои неврологӣ ва беҳтар кардани сифати зиндагӣ кӯмак мекунад. Дар сурати саратони (омоси) хушсифат (безарар), аксар вақт як ҷарроҳӣ кифоя аст. Дар сурати саратони (омоси) бадсифат (зарарнок), ҷарроҳӣ метавонад ба таври назаррас кӯмак кунад, аммо ба табобати шуоӣ ва/ё химиядармонӣ ниёз дорад.
Дар Acıbadem фановариҳои пешрафта барои ҷарроҳии дақиқ ва бехатар барои саратонҳо истифода мешаванд, ки ба беморон умед ва имконияти шифо медиҳанд.
Дастаи нейроҷарроҳони шабакаи клиникаҳои Acıbadem барои табобати калонсолон ва кӯдакон бо ҳама намуд саратони (омоси) мағзи сар машғуланд, зеро дар ин соҳа таҷрибаи васеъ доранд. Дар ҷароҳӣ аз фановариҳои пешрафта барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин истифода мешаванд.
- Нейромониторинг (назорати асаб) – аз ҷароҳатҳои неврологӣ пешгирӣ мекунад
- Нейронавигатсия (новбарии асаб) – ҷарроҳии дақиқро таъмин мекунад
- ТМР-и интраоператсионӣ (ТМР-и дохили ҷарроҳӣ) – барои пурра хориҷ кардани омос кӯмак мекунад
Беш аз 30 сол аст, ки беморон бо саратони (омоси) оддӣ ва мураккаб дар шабакаи клиникаҳои Acıbadem муваффақона табобат мешаванд.
Нейроҷарроҳии кӯдаконаи Acıbadem: ғамхорӣ аз беморони хурдсол
Нейроҷароҳии кӯдакона соҳаи хеле махсусгардонидашуда аст ва дар ҷаҳон танҳо шумораи ками мутахассисон мавҷуданд, ки фақат ба табобати кӯдакон тамаркуз мекунанд. Acıbadem роҳи мукаммали нейроҷароҳии кӯдаконро пешниҳод мекунад, ки инҳоро дар бар мегирад:
- Муолиҷаи бемории саръ (эпилепсия)
- Идоракунии фалаҷи мағзи кӯдакон
- Хориҷ кардани саратони (омоси) мағзи сар
- Ислоҳи нуқсонҳои инкишофи модарзодӣ
Ҳар сол дар Acıbadem амалиётҳо барои 600+ навзод ва кӯдакон аз тамоми ҷаҳон бомуваффақият гузаронида мешаванд. Дастаи мутахассисони касбӣ стратегияи табобати шахсиро таҳия мекунанд, ки мутахассисони ҷарроҳии кӯдакон, бемории устухон (ортопедия), асаб (неврология), саратон (онкология), радиология ва физиотерапияро дар бар мегиранд. Пас аз ҷарроҳӣ, барои барқарорсозии ҳадди аксари бемор аз нейрохирургия, офиятбахшӣ ва физиотерапия истифода мешаванд, ки ҳама барои ба даст овардани натиҷаи беҳтар равона шудааст.

Шабакаи клиникаҳои Acıbadem хизматрасонии ҳамаҷонибаи нейроҷарроҳии кӯдаконро пешниҳод мекунад / Акс аз Acıbadem
Корди Гамма: табобати инноватсионӣ бидуни ҷарроҳӣ
Зиёда аз 11.000 беморон аз саросари ҷаҳон бо корди гамма дар шабакаи клиникаҳои Acıbadem табобат гирифтанд. Ин усул ҷойгузини ҷарроҳӣ барои омосҳои мағзи сар ва иллатҳои артериовенозӣ (AVM) мебошад. Он ҷараёни нурҳоро бо дақиқии баланд бидуни осеб ба бофтаҳои солим равона мекунад.
Дастаи Acıbadem аввалин шуда дар минтақа ин усулро дар соли 2006 татбиқ кард ва намунаҳои нави дастгоҳ дар солҳои 2012 ва 2017 ҷорӣ карда шуданд. Имрӯз намунаҳои муосири фаннӣ истифода мешавад.
Ҷарроҳии DBS: бозгашт ба ҳаёти комили беморони бемории Паркинсон
Таҳрики амиқи мағзи сар (DBS) усули муассир барои беморони Паркинсон мебошад, ки аз иртиош ё ларзиш (тремор), карахтии мушакҳо ва мушкилоти ҳаракат азият мекашанд. Вақте ки табобати доруворӣ дигар кӯмак намекунад, DBS метавонад ба барқарории ҳаракат ва беҳбуди сифати зиндагӣ кӯмак кунад.
Acıbadem тақрибан 1000 ҷарроҳии бомуваффақияти DBS дорад ва нейроҷарроҳони клиника дар ин соҳа пешсаф мебошанд.
Равиши ҳамаҷонибабарои табобати бемориҳои асаб
Дар Acıbadem мутахассисони соҳаҳои гуногун (табибони бемориҳои асаб, саратон, радиологҳо, устухонҳо, физиотерапия) якҷоя кор карда, усули инфиродии табобатро таҳия мекунанд.
Acıbadem – ин маҷмӯи таҷрибаи табибон, фановарии муосир ва беҳтарин ҳаллу фасли масъалаҳо барои ҳар як бемор аст.
Бо Acıbadem чӣ гуна тамос гирифтан мумкин аст:
Барои маълумоти иловагӣ метавон ба намояндагии гурӯҳи ширкатҳои «ACIBADEM» дар шаҳри Душанбе дар суроғаи: кӯчаи Садриддин Айнӣ 46/2, тел.:(+992) 405 000 001 муроҷиат намуд.
Шумо инчунин метавонед бо ирсоли дархост тавассути вебсайт ё намояндагии расмии клиника аз духтурони пешбари шабакаи Acıbadem хулосаи дуюми тиббии ройгон гиред.