«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши занону ҷавондухтарон доир шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таҳти унвони «Занон-дар меҳвари Паём» ҳамоиши занону ҷавондухтарон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ташаббусҳои неку дурандешонаи занону ҷавондухтарон ва пуштибонӣ аз иқдоми шоистаи онҳо дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 иброз доштанд, ки «дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафт».
Воқеан ҳам, бо эътирофи арзишҳои башарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷомеа, махсусан занон таҳти дастгирию ғамҳориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми арзандаро соҳиб гардиданд.
«Имрӯз занон ва ҷавондухтарони мо бо эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми неруи худро дар баробари мардон ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори давлатҳои мутараққӣ равона менамоянд»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Дар ҳамоиш занону ҷавондухтарони шаҳр даъват шуданд, ки бо такя ба сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон барои вусъат додани ободонию бунёдкорӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва боз ҳам боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми босазо гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
Ба фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон тавзеҳ дода шуданд






