Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон-ҳадафи барномавии ҲХДТ» ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид. Дар ҳамоиш 200 нафар ятимон ва донишҷӯён аз оилаҳои ниёзманд бо корти нақлиётӣ таъмин ва ғолибони озмунҳои даври ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар доданд.
— Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирию роҳнамоии ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таҳсил, фаъолият ва ҳунаромӯзии ҷавонон шароиту имконият фароҳам оварда шудааст, — изҳор гардид дар ҳамоиш.
Таъкид шуд, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад.
Иштирокдорони ҳамоиш баён намуданд, ки нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар таҳкими арзишҳои миллӣ, суннатҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллии Ватан назаррас мебошад. Фаъолияти назарраси ҷавонон дар тамоми соҳаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар самтҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар охир ба як зумра ҷавононе, ки ба сафи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд, шаҳодатномаҳо супорида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






