Дар Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон 10 ҳазор нафар иштирок намуданд

Март 15, 2025 23:54

ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 10 ҳазор нафар Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор гардид,хабар доданд ба АМИТ  «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин чорабинии варзишӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.

 Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» бо ҳадафи таҳкими равобити дӯстона байни давлатҳои ҳамсоя, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш баргузор гардид.

Варзишгарон ва дӯстдорони дав аз субҳи барвақт дар кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷамъ омада, бо руҳияи баланди варзишӣ масофаи муқарраршударо тай намуданд.

Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ веломарафон низ баргузор шуд, ки дар он садҳо дӯстдорони варзиши велосипедронӣ аз се давлати ҳамсоя иштирок карданд. Ин сабқат на танҳо рақобати варзишӣ, балки рамзи дӯстӣ ва муттаҳидии ҷавонони минтақа гардид.

Мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои варзишии кишварҳои иштирокунанда баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо минбаъд низ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи варзиш ин гуна иқдомҳоро идома хоҳанд дод.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2025 23:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд