Дар Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон 10 ҳазор нафар иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 10 ҳазор нафар Мусобиқаи байналмилалии «Дави дӯстӣ» ва веломарафон баргузор гардид,хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин чорабинии варзишӣ намояндагони Тоҷикистон, Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» бо ҳадафи таҳкими равобити дӯстона байни давлатҳои ҳамсоя, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш баргузор гардид.
Варзишгарон ва дӯстдорони дав аз субҳи барвақт дар кӯчаҳои марказии Хуҷанд ҷамъ омада, бо руҳияи баланди варзишӣ масофаи муқарраршударо тай намуданд.
Ҳамзамон дар доираи ин чорабинӣ веломарафон низ баргузор шуд, ки дар он садҳо дӯстдорони варзиши велосипедронӣ аз се давлати ҳамсоя иштирок карданд. Ин сабқат на танҳо рақобати варзишӣ, балки рамзи дӯстӣ ва муттаҳидии ҷавонони минтақа гардид.
Мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои варзишии кишварҳои иштирокунанда баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо минбаъд низ барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар соҳаи варзиш ин гуна иқдомҳоро идома хоҳанд дод.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мусобиқаи футбол доир гардид
Мустафо, Абдулло ва Шарифҷон шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Муъминободро соҳиб шуданд
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар Истаравшан Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии мусобиқа бо дастаи Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Австралия, Ироқ ва Сингапур бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок дорад
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд






