Ҳайати Вазорати молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии иттиҳодияи PEMPAL дар Вена иштирок намуд

Март 27, 2025 15:21

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 март дар шаҳри Венаи Австрия ҷаласаи пленарии иттиҳодияи PEMPAL таҳти унвони «Ояндаи идоракунии молияи давлатӣ: ҳамбастагии стратегӣ ва инноватсионӣ» баргузор шуд, ки дар он намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири молия Шамсулло Хайруллозода иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад, дар ҷаласа зиёда аз 200 намояндаи вазоратҳои молия аз 30 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 21 мамлакати аъзои PEMPAL иштирок намуданд.

Иштирокчиён лоиҳаи Стратегияи PEMPAL барои солҳои 2026 – 2030, нақшаи чорабиниҳо ва ҳисоботи натиҷаҳои бадастомадаро муаррифӣ намуда, атрофи масъалаҳои мавриди назар табодули афкор намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2025 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад