Ҷаласаи шашуми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ доир ба «Лоиҳаи рушди иқтидор оид ба татбиқи самтҳои навигатсионӣ дар Тоҷикистон» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ доир ба «Лоиҳаи рушди иқтидор оид ба татбиқи самтҳои навигатсионӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия».
Дар ҷаласа намояндагони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода, роҳбари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон Имай Сейҷу, мутахассисони JICA ва дигар масъулин сухан намуданд.
Иброз гардид, ки татбиқи муваффақонаи «Лоиҳа оид ба рушди иқтидор барои татбиқи намудани навигатсия дар асоси хусусият (PBN) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо JICA ва гурӯҳи мушовирони Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва корхонаҳои авиатсионӣ амалӣ гардид.
Ин дастоварди назаррас дар таъмини бехатарии парвозҳо ва истифодаи самараноки ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи ин лоиҳа ба баланд бардоштани иқтидори хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона ва мубодилаи таҷриба бо мутахассисони хориҷӣ мусоидат намуд.


Ҳамзамон мутахассисон таъкид намуданд, ки амалӣ гардидани лоиҳа ба такмили танзими фазои ҳавоӣ, рушди дастрасии минтақавӣ ва ҳамгироӣ дар пешниҳоди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, беҳтар намудани сатҳи бехатарии парвозҳо ва сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ равона гардидааст.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сафати хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба меъёрҳои Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо JICA ин лоиҳаро амалӣ намуд.
АКС: «Тоҷикаэронавигатсия»








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






