Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар самти сайёҳӣ густариш меёбад
ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 март бо ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Киш-Душанбе-Киш як гурӯҳ аз Минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати гардишгарии Созмони ҷазираи Киш ва намояндагони соҳаи сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бахши сайёҳии Минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе, муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ, Майдони Истиқлол ва Осорхонаи миллиро тамошо намуда, бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик шинос шуданд.
Ин сафар бо мақсади рушди муносибатҳо дар самти сайёҳӣ, зиёд намудани хатсайрҳо ва шумораи гардишгарон аз ҳарду ҷониб анҷом дода шуд.
Ҳамчунин 16 март Раиси Кумитаи ршди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки барои тақвият бахшидан ва зиёд намудани шумораи сайёҳон бояд аз ҳамаи имконияте, ки аз ҷониби ҳукуматҳои ҳарду давлат фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намуд.
Фаъол намудани хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар доираи баргузории Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегардад, барои густариши ҳамкорӣ, зиёд намудани шумораи сайёҳон ва шиносоии онҳо бо урфу одатҳои хоси миллии тоҷикӣ замина мегузорад.
Зимни мулоқот байни ширкати сайёҳии ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Тревел» ва ширкатҳои сайёҳии эронӣ санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






