Ба киҳо барои ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда баромадан кафолат дода мешавад? Шарҳи коршиносон

ДУШАНБЕ, 12.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Моддаи 37 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванд ҳуқуқ ба истироҳатро муқаррар намудааст, ки яке аз намудҳои он рухсатии меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Рухсатии меҳнатӣ ин давраест, ки давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд.
Ба андешаи Сардори шуъбаи экспертизаи давлатии шароити меҳнати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Саидмурод Шарифзода, ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда танҳо ба кормандоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ кор менамоянд, дода мешавад. «Мутобиқи қисми 1, моддаи 91-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд. Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад. Кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд»,-мегӯяд ӯ.
Рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин чанд рӯз аст?
Бояд гуфт, ки тибқи қисми 2-и моддаи 90-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин; рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола иборат мебошанд. Ба иттилои Саидмурод Шарифзода, давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рӯзи тақвимиро ташкил дода, рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад.
Тавре мавсуф иброз медорад, корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рӯзи тақвимӣ зиёд намояд. «Рӯзҳои иди ғайрикорӣ, корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд ва ҳангоми рост омадани рӯзҳои иди ғайрикорӣ дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рӯзҳои иди ғайрикорӣ дароз карда мешавад»,-чунин баён медорад ӯ.
Ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Тибқи талаботи моддаи 100-и Кодекси меҳнат ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели сол 2018, ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот ба муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Дар соҳаи тандурустӣ дар сурати 5, 10, 15 ва 20 сол будани собиқаи кории давомнок ба муҳлати рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи пардохтшаванда мувофиқан 3,5,7 ва 10 рӯзи тақвимӣ илова карда мешавад.
Вақти додани рухсатии меҳнатиро кӣ муайян мекунад?
Ба иттилои Сардори шуъбаи таъминоти хуқуқӣ, ташкилӣ ва назорати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Пайрав Ҷумъазода, вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва ҷадвали рухсатиҳо бо намояндагони кормандон мувофиқа карда шудаанд ва ё бо мувофиқаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
«Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад. Ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, рухсатӣ дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ пешниҳод мегардад. Ба корманд бояд, ки 15 рӯз пеш аз саршавии рухсатӣ оид ба вақти пешниҳоди рухсатӣ хабар дода шавад»,-иброз медорад ӯ.
Тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд давоми ҳар як соли корӣ рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли равон ба раванди муътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ӯро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
Дар мавриди он кормандоне, ки бинобар сабабҳои узрнок давоми як сол рухсатии меҳнатии худро бо хоҳиши худ намегиранд, Пайрав Ҷумъазода изҳор медорад, ки дар чунин ҳолат рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад. «Агар рухсатии меҳнатӣ бо риояи талаботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар муҳлати муайяншудаи он то охири соли корӣ бе асоси қонунӣ рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пулӣ ҷуброн накунад»,-чунин мегӯяд мавсуф.
Ҳамзамон ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад. Давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.
Ҳангоми аз кор озод шудан танҳо ба рухсатии меҳнатии қисман ё пурра истифоданашуда ҷубронпулӣ дода мешавад
Тибқи муқаррароти меъёрии моддаи 118 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад. Яъне, аз муҳтавои моддаи мазкур бармеояд, ки ҳангоми аз кор озод намудан ба корманд на рухсатиҳои меҳнатии истифоданашуда, балки танҳо рухсатии меҳнатии қисман ё пурра истифода набурдааш ҷуброн карда мешавад.
Тавре Пайрав Ҷумъазода иброз дошт, ҷубронпулӣ барои рухсатии пурраи меҳнатӣ дар ҳолате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рӯзи аз кор озод шудан тамоми соли корӣ фаъолият карда бошад. «Агар то рӯзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли корӣ меҳнат карда бошад, ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти кори кардашуда пардохт карда мешавад. Ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рӯзи озодкунӣ пардохт карда мешавад»,-гуфт ӯ.
Муқаррароти моддаи 108 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ки корфармо уҳдадор аст ба корманд давоми ҳар як соли корӣ рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд. Ва дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли равон ба раванди муътадили кори ташкилот таъсири бад расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ӯро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
Дар ин ҳол ба иттилои ҳамсуҳбати мо, рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад. Вале Пайрав Ҷумъазода баён медорад, ки кормандоне, ки дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор менамоянд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатии онҳо иҷозат дода намешавад ва ҳамзамон давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ ба кормандоне, ки дар шароити муътадилӣ меҳнат кор менамоянд, манъ аст.
«Бо назардошти муҳтавои ин модда ҳангоми аз кор озод намудан ба кормандони дар шароити вазнину зарарнок фаъолиятдошта як сола ва ба кормандони дар шароити муътадил фаъолиятдошта на зиёда аз ду сол рӯзҳои истифоданакардаи рухсатии меҳнатӣ ҷуброн карда мешавад, ба шарте, ки рухсатии меҳнатӣ бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шуда бошад», — афзуд Пайрав Ҷумъазода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»