Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Сентябрь 25, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи ҷашнии 30-юми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори он аз Тоҷикистон муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Норзода ва роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират Дилрабо Азимӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки ба салоҳияти онҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират дохил мешавад, иштирок карданд.

Зимни ҷаласа вазъи муҳоҷиратӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид. Инчунин тағйирот дар самти қонунгузории миллӣ оид ба равандҳои муҳоҷират, таҷрибаи амалӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ барои таъмини амният ва назорати равандҳои муҳоҷират, аз ҷумла муайянкунии биометрии шахсият бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ дар низомҳои назорати видеоӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иброз шуд, ки дар шароити имрӯза ҳамоҳангӣ, ҳамкории конструктивӣ ва табодули таҷриба муҳим буда, барои ташаккули низоми мутаносиб ва самараноки идоракунии равандҳои муҳоҷират дар доираи иттиҳод зарур мебошад. Вобаста ба ин шуро бояд ҳамеша абзори фоиданоки таъмини субот ва амнияти минтақавӣ боқӣ монда, ба тағйироти вазъи муҳоҷиратӣ сари вақт вокуниш нишон диҳад.

Намояндаи Тоҷикистон иброз намуд, ки рушди ҳамкории байналмилалӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба рушди мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдор, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони он дар хориҷа аҳамияти хосса дода мешавад.

Дар робита ба ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории дуҷониба бо Федератсияи Русия, ки яке аз шарикони асосӣ мебошад, аҳамияти хосса медиҳад. Дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии зарурӣ ба тасвиб расонида шудаанд, ки барои таҳкими ҳамкории минбаъда ва танзими раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ду кишвари стратегӣ замина мегузоранд.

Дар кори ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба самтҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад