Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе тамошои дастҷамъонаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил гардид

Март 11, 2025 15:09

ДУШАНБЕ, 11.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, рӯзи 11 март роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳри Душанбе, кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанги пойтахт ба тамошои ин толор рафтанд ва ба онҳо аз ҷониби роҳбаладон доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу пиряхҳо маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ба иштирокдорон маълумот дода шуд, ки дар қисмати рост ва чапи девори толор бузургтарин пиряхи ҷаҳон -Ванҷях инъикос ёфтааст, ки дар нишебии шарқии қаторкӯҳи Академияи илмҳо дар Помир ҷой гирифтааст. Ин пирях аз пайвастани қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо силсилакӯҳи Язгулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м.) ташкил шудааст. Пиряхи Ванҷях на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи даракӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст.


Иттилоъ дода шуд, ки дар маркази девори толор қисмате мушоҳида мешавад, ки ин марбут ба Антарктида мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2008 – 2009 аввалин экспедитсияи Антарктикии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки тавассути он дар Антарктида аз ҷониби профессор Абдулҳамид Қаюмов Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд. Ин амал собитгари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бахши пиряхҳо ва ҳифзи онҳо мебошад.

Бо тамошои толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҳар тамошобин бо манбаъҳои обӣ ва пиряхҳо шинос гардид.

Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии тамошои гурӯҳии толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо» ҷонибдорӣ ба иқдоми байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар ин замина рушди сайёҳии дохилӣ ба ҳисоб меравад.

Сокинону фаъолони пойтахт, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе дар доираи ин ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе метавонанд толори «Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистонро то 14 март тамошо намоянд.


АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Март 11, 2025 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об