Бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши занони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Занони мо бо вуҷуди он ки ба парасторию тарбияи фарзанд машғул мебошанд, бо омӯхтани илму дониш ва соҳибкасб шудан дар соҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар рушди Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Имрӯз дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи таҳсилоти касбӣ занон муваффақона фаъолият намуда, дастовардҳои назаррас доранд. Ин матлабро Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ 6 март зимни ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи Модар баён намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, дар ҳамоиш аз нақш ва мақоми Зан-Модар дар тарбияю пешрафти ҷомеа ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ёдоварӣ гардид. Иброз гардид, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии Модар ҳамчун олиҳаи покию садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некию накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
«Зани тоҷик ҳамеша хоҳони сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буда, ин рисолат роҳнамои рӯзгори занони мо аст. Бинобар ин, мо, масъулини соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.
Дар идома як зумра занону духтарони фаъоли кумита ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди таълиму тарбияи насли наврас ва дастовардҳои шоиста дар раванди фаъолият бо унвони «Аълочии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Сипосномаи кумита ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд






