Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Имрӯзҳо занони тоҷик баробари мардон номуси ватандӯстиро ба дӯш гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, корхонаю муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ қариб 500 нафар занону духтарон фаъолияти пурсамар доранд, ки аз кори онҳо мо ҳамеша ифтихорманд ҳастем»,- иброз намуд зимни ҳамоиши идона ба истиқболи Рӯзи Модар Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ хабар медиҳад, дар ҷамъомад иброз гардид, ки воқеан, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаю шукуҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия намудану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ниҳоят калон аст.
Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд, ки «дар фарҳангу тамаддуни мо, тоҷикон иззату эҳтироми Зан – Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону духтарон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст».
Маҳз туфайли дастгириҳои доимӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои таъмини мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеа ҳамаи имконият фароҳам оварда шуда, ин раванд имрӯз низ идома дорад.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»






