Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Март 14, 2025 09:06

ДУШАНБЕ, 14.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон “Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027” ба имзо расонида шуд. Ин барнома пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо табодул карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Барномаи ҳамкорӣ ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш равона шудааст.

Ҳадафи асосии барнома ташкили низоми устувори ҳамкорӣ барои густариши фаъолнокии ҷисмонӣ ва варзиш дар байни аҳолӣ мебошад. Дар доираи барнома татбиқи лоиҳаҳои муштарак, гузаронидани мусобиқаҳо ва чорабиниҳои варзишӣ, табодули таҷриба байни мутахассисон, дастгирии ташкилоти варзишӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии мутахассисони варзиш ба нақша гирифта шудааст. Барнома аз чорабиниҳое иборат мебошад, ки дар доираи он мусобиқаҳои варзишӣ, фестивалҳо, семинарҳо ва тренингҳо баргузор мешаванд. Ҳамчунин мубодилаи иттилоот ва беҳтарин таҷрибаҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи барнома бояд ба зиёд шудани чорабиниҳои варзишӣ, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонӣ, тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти варзишӣ ва рушди малакаи ҷавонон мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз анҷоми мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Март 14, 2025 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд