Бо иштироки ҷавондухтарону фаъолзанони гуногункасб ҳамоиши бошукуҳ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти Зан-Модар ва ба хотири сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Модар бо ҷалби 680 нафар ҷавондухтарону фаъолзанони касбу кори гуногуни мамлакат дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи идона доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар.
Дар ҳамоиши тантанавии «Модар-чашмаи меҳр» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки “боиси сарфарозии мо аст, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат давлат ва Ҳукумати мамлакат аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занону модаронро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад. Воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи Замин мебошад. Зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад”.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор намуд, ки мардон вазифадор ҳастанд, ки ҳамеша ба қадри ранҷҳои кашидаи модарон, заҳмату хизматҳои занону духтарони худ ва умеду интизориҳои онҳо расанд.
«Мо набояд фаромӯш кунем, ки аз пайғамбарон сар карда, тамоми нобиғаю алломаҳои башар аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва дар оғӯши гарми ӯ бузург шудаанд»,-афзуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.
АКС: АМИТ «Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






