«ЧИЛДУХТАРОН». Табиати нотакрор ва чашмаҳою гиёҳҳои шифобахши ин мавзеъ шуҳрати беандоза дорад

Март 22, 2025 10:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба ноҳияи Муъминобод 110 ҳазору 334 сайёҳ ворид гардидааст, ки аз ин шумора 2831 нафар сайёҳи хориҷӣ мебошад. Аксари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеи «Чилдухтарон» бо мақсади тамошо меоянд, ки  бо табиати зебою назаррабо, марғзору ҷангалзор ва чашмаҳои мусаффояш қалби сайёҳонро тасхир намудааст.

Ноҳияи Муъминобод бо ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ яке аз мавзеъҳои зебои сайёҳии мамлакат маҳсуб шуда, «Чилдухтарон» аз ин шумор аст.

Мавзеи «Чилдухтарон» яке аз зеботарин ҷойҳои табиии ҷануби Тоҷикистон мебошад. Он дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлони Тоҷикистон, дар километри 250-уми самти ҷануби Душанбе ҷойгир аст. Кӯҳи Чилдухтарон дар масофаи 28 км дар қисмати шимолии маркази ноҳияи Муъминобод, назди деҳаи Дашти ар-ар ҷой гирифтааст. Он аз харсангҳои аҳромшакли то 60 метр баланд иборат аст, ки дар натиҷаи шамолҳои тӯлонӣ суфта шудаанд. Вобаста ба кӯҳҳои Чилдухтарон байни аҳолӣ ва мардуми таҳҷоӣ аз азал нақлу ривоятҳои зиёде ҳаст. Тибқи ривоятҳо, чил пайкараи сангии кӯҳи Чилдухтарон нишонаи покдомании занони тоҷик мебошад.

Дар асл харсангҳои аҳромшакл барои ҳар бинанда муҷассамаи олиҳаи зебоӣ ва рамзи покию ватандӯстӣ мебошанд. Ин макони беназир бо маҷмуи табиии сангҳои сурх, зебоии фавқулода ва номи шоиронаи Чилдухтаронаш сайёҳонро ҷалб менамояд.

Воқеан ҳам, шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» диққати ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро  торафт бештар ба худ ҷалб месозанд.

Сокинони мамлакат низ  ба ин мавзеи сайёҳӣ зиёд сафар намуда, дар рушди сайёҳии дохилӣ саҳм мегузоранд. Ба навор гирифтану маълумот  пешниҳод кардани ҳар сайёҳи дохилӣ аз зебоӣ ва таърихи ин макон далели ин  гуфтаҳо аст. Инчунин ба ин васила сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо бештар ҷалб мегарданд.

Сайёҳон дар ин макон аз хӯрдани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида, шакароб, қурутоб, инчунин аз маззаи нонҳои тоҷикӣ ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза лаззат мебаранд. 138 навъи растаниҳои шифобахш, 45 навъи растании асаловар ва 98 навъи растании ғизоие, ки дар ин минтақа мерӯянд, далели боллазат будани хӯрокҳои миллӣ мебошанд. Зеро баробари фаро расидани фасли баҳор ва идҳои баҳорӣ занони ин минтақа барои сайёҳон бештар хӯрокҳои миллӣ омода ва ҳунари хешро муаррифӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ марҳилаи аввали Маҷмааи сайёҳии «Чилдухтарон» бо тарҳу намои муосир ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонӣ бунёд гардида, дар он 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар дохили маҷмаа меҳмонхонаи 5-ошёнаи «Чилдухтарон» бо шароити муосири хизматрасонӣ бунёд шудааст, ки дар як вақт имкони қабули 100 нафарро дорад. Ҳуҷраҳои меҳмонхонаи нав, ки дар қалби кӯҳ сохта шудаанд, дар шаклҳои мухталиф бунёд гардида, хизматрасонӣ дар онҳо ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ аст.

Ҳамчунин бо мақсади тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ дар шафати меҳмонхона барои қабули сайёҳон бо усули хоси меъмории миллӣ хонаҳои гуногун бунёд шудаанд. Дар ин хонаҳо, ки барои будубоши сайёҳони дохилию хориҷӣ пешбинӣ гардидаанд, ҳамаи шароит фароҳам аст. Дар маҷмуъ, дар мавзеи «Чилдухтарон» барои қабули 150 сайёҳ имконияти сатҳи баланди пазироӣ фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Муъминобод барои будубоши сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ  меҳмонхонаҳои шакли нав сохта шудаанд, ки  сайёҳон бе душворӣ дар онҳо истиқомат карда метавонанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Муъминобод чун дигар шаҳру ноҳияҳо ободу зебо гардида, даҳҳо иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, сокинони ноҳия бо ҷои кор ва шуғли доимӣ таъмин гардиданд.

Саёҳат ба мавзеи «Чилдухтарон» чандон душвор нест, зеро ба истифода додани роҳи мошингарди «Чилдухтарон-Ховалинг» барои амалӣ гардидани орзуи сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити мусоидат фароҳам овард. Қабл аз ин барои расидан ба ин мавзеъ роҳҳои ноҳамвору пур аз хоки он мушкилии бисёр эҷод менамуд. Акнун сайёҳони дохилию хориҷӣ бе ягон мушкилӣ ба ин мавзеъ мераванд.

Бунёди роҳи мошингард аз мавзеи «Чилдухтарон» то ноҳияи Ховалинг барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ имконияти фарох фароҳам оварда, сайёҳони дохилию хориҷӣ дар баробари тамошои манзараҳои нотакрору дилфиреби ин мавзеъ ҳамчунин бо урфу одат, суннату оинҳои мардумӣ ва таьриху фарҳанги пурғановати мардуми тоҷик шинос мешаванд.

Роҳи нав аз минтақаи сайёҳии «Чилдухтарон», дар доманаи кӯҳҳои сарбафалаки сабзпӯш, манзараҳои дилфиребу нотакрор, анбӯҳи дарахтони мева ва гулу гиёҳҳои назаррабо мегузарад. Ин масир василаи ҷалби сайёҳон гардида, ба рушду инкишофи минбаъдаи ин минтақаи зебои Тоҷикистон замина мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронияшон иброз доштанд, ки  «Муъминобод  диёри мардони сарбаланду накӯсиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар сайёҳу меҳмонро тасхир месозад. Мавзеи зебои «Чилдухтарон» ва чашмаҳою гиёҳҳои шифобахши он шуҳрати беандоза дошта, сокинонаш бо меҳмоннавозию ҳимматбаландӣ ном баровардаанд».

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Муъминобод давоми  солҳо ҳунарҳои мардумӣ ташаккул ёфта, аз насл ба насл гузаштаанд. Ҳамин аст, ки бо фароҳам гардидани шароит дар ноҳия хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардида, барои сайёҳон дӯконҳои фурӯши армуғон ва меҳмонхонаҳо сохта мешаванд. Ин иқдом, бешубҳа, ба афзоиш ёфтани шумораи сайёҳон мусоидат менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2025 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрат барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҷлил гардид
Иди Наврӯзро дар дараи Яғноб чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Идомаи воридшавии барқияҳои табрикии наврӯзӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷашни Наврӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намоиши дастовардҳои истеҳсолӣ, ихтироот ва инноватсия таҷлил шуд
ТОҶИКИСТОН — ЗОДГОҲИ НАВРӮЗИ ҶОВИДОНӢ. Ин ҷашн рӯзи сулҳу оштӣ, дӯстию бародарӣ ва баробарӣ аст
Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пӯдина дарди гурда ва меъдаро рафъ ва вазни зиёдатиро кам менамояд
Дар Чин имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мешаванд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо маҳфили идона доир шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бо захираҳои обию энергетикӣ дар зинаи якум қарор дорад
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ» баргузор мегардад