Чор паҳлавони тоҷик соҳиби шоҳҷоизаҳо дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Данғара шуданд

Март 27, 2025 10:38

ДУШАНБЕ, 27.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он беҳтарин паҳлавонон бо ҳам рақобат намуданд.

Дар ин мусобиқа паҳлавонони тоҷик Шарифҷон Назриев, Ғазалшои Давлатшоҳ, Фирдавс Насимов, Ҳақназар Назаров, Зафар Олимшоев, Бобоҷон Бобоҷонов, Мизроб Лоиқов, Рустам Хоҷаев, Улуғбек Раҳимов, Баҳром Суфиев, Муҳаммадисо Раҷабов, Наврӯз Каримзод, Ҳакдод Гулов, Мирзоҷамил Рамазонов ва Идибеки Амиршо бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Зимни мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон ба иштирокчиён туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла 4 мошин ҳамчун Шоҳҷоиза низ тақдим карда шуданд.

Аз ҷумла, Ғазалшои Давлатшоҳ, Бобоҷон Бобоҷонов, Мизроб Лоиқов ва Шарифҷон Назриев ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза- ин мошинҳо шуданд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки бо мақсади эҳё ва рушди анъанаҳои миллии варзишӣ ва таърихи гӯштингирӣ баргузор шуд, ба рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфт.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 27, 2025 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад