ЧУН ДУШАНБЕ МАН НАДИДАМ САБЗШАҲРЕ ДАР ҶАҲОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

ДУШАНБЕ, 30.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол ин сана ба 19 апрел рост меояд. Доктори илми фалсафа, профессор Нуриддин Саид дар мақолааш бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол намудааст, чунин изҳори назар намудааст:
— Пойтахт ҳамрадифи муқаддасоти миллие, амсоли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва пули миллӣ рамзи давлатдорӣ эътироф шуда, муҳимтарин аломати муаррифи давлатдории мо, тоҷикон маҳсуб мешавад. Чунин нигоштааст
Дараҷаи ташаккул ва тавсеаи давлатдории навини миллии мо ба вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии пойтахти нозанинамон- шаҳри Душанбе иртиботи зич дорад. Пойтахт набз ва меҳвари сиёсати умумимиллӣ аст, ки тамоми равандҳои давлатдории миллӣ маҳз аз ҳамин ҷо маншаъ гирифта, ба тамоми манотиқи мамлакат паҳн мегарданд.
Душанбеи зебои мо яке аз манбаъҳои асосии худмуайянкунӣ, аз ҷумла худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии мо, тоҷикон аст. Барои сиёсатшиносону сиёсатмадорон шаҳри Душанбе меҳвари сиёсату маъмурият, барои иқтисодчиён шаҳри шуғл, савдою саноат, барои меъморон шаҳри иншооту ёдгориҳо ва барои оммаи халқ шаҳри ваҳдату якдилӣ ва орзую омолҳо мебошад.
Ҷойгоҳи хоссаи пойтахт дар он зоҳир мегардад, ки муҳимтарин равандҳои сиёсӣ: маъракаҳои бузурги давлатӣ ва чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар ин шаҳр оғозу анҷом меёбанд. Пойтахт дорои иртиботи васеи байналмилалӣ буда, макони ташрифи намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, созмонҳои фаромиллӣ, бонкҳо ва ғайра аст. Яъне, амалан хориҷиён дар симои пойтахт Тоҷикистонро ва дар симои Тоҷикистон пойтахти зебоямонро мебинанд.
Душанбеи имрӯза, ки аз зебоиаш меҳмонон ангушти ҳайрат мегазанд, шаҳри бостониву таърихӣ аст. Дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ дар атрофи шаҳри Душанбе ёдгориҳои зиёди таърихие пайдо шудаанд, ки ба давраҳои Юнону Бохтариҳо — асрҳои II пеш аз мелод ва маскунони асримиёнагӣ — асрҳои VI-VIII мелодӣ рост меоянд. Ин ёдгориҳо далели онанд, ки гузаштагони мо 2300 сол қабл дар ин макон умр ба сар мебурданд. Деҳаи Душанбе дар атрофи чорроҳае ташкил ёфта буд, ки дар он ҷо оғози ҳар ҳафта калонтарин бозор ташкил карда мешуд ва аҳолии водии Ҳисору мардумони ин маҳал рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта ба тиҷорат машғул мегаштанд. Тоҷирони Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Хатлон молу ашёи рӯзгорро ба душанбебозор оварда, ба муомилот мебароварданд ва роҳи бузурги абрешиму корвонҳои тиҷоратӣ аз Шарқ ба Ғарб ва аз Ғарб ба Шарқ аз ҳамин ҷой мегузашт. Дар «душанбебозор» ба ғайр аз маҳсулоти маҳаллӣ моҳути англисӣ, абрешими чинӣ, чити русӣ ва дигар молу маҳсулот ба фурӯш бароварда мешуд.
Этнографи рус Зеймал Е.В.-мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ҷумҳуриявии кишваршиносии Тоҷикистон навишта буд, ки «дар асрҳои 11-13 дар мавзеи имрӯзаи Душанбе шаҳри ободу зебое вуҷуд дошт. Қадимтарин осори зиндагии инсон дар қаламрави Душанбе ба асри санг – неолит мутааллиқ аст ва олимон ин давраро дар таърих «маданияти Ҳисор» номгузорӣ кардаанд». Аз ҳудуди шаҳри Душанбе асбоби сангиву мисӣ, бозёфтҳои нодири давраи асри биринҷӣ ба даст омадаанд, ки ба таърихи бостонӣ доштани ин шаҳр далолат мекунанд.
Номи Душанбе дар маъхазҳои таърихӣ бори аввал соли 1676 дар номаи хони Балх Субҳонқули Баҳодур ба шоҳи давлати Москва Фёдор Алексеевич ба чашм расидааст. Тибқи ривоятҳо, ин шаҳр сари дуроҳае ҷойгир будааст ва ҳар рӯзи душанбе дар он бозоре баргузор мегаштааст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки баъдан дар ҷои он пайдо шуд, Душанбе ном гирифт. Корвонсаройҳои зиёде дошт ва тоҷирон аз он ба Самарқанду Хуҷанд, Кӯлобу Помир амволи худро барои фурӯш мебурданд. Ва сарзамине, ки ҳоло Душанбе дар он ҷойгир аст, дар садаҳои дунёи қадим «Суман» вале дар асрҳои миёна Шумон ном гирифтааст. Қалъаи имрӯз дар километри панҷуми шарқу ғарбии Душанбе бозмонда аз ҳамон «Суман» ё худ Шумон аст, ки дар садаҳои 15-17 «Ҳисори Шодмон» (яъне қалъаи Шодмон) номида мешуд. Ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва баъди вайроншавиаш бар асари заминларзаи соли 1907 ин бек ба қалъаи Душанбе кӯчиду онро тахтгоҳи худ қарор дод.
Душанбе аз солҳои 70-уми асри 19 то соли 1924 маркази маъмуриву сиёсии Бухорои Шарқӣ маҳсуб мешуд. Он вақт Душанбе деҳаи начандон калоне буд, ки дар он ҳамагӣ як қалъа вуҷуд дошт. Вале дар атрофи он деҳаҳои дигаре низ бо номҳои Лучоб, Испечак, Шикорон, Қаряи Боло, Яккачанор, Варзоб, Шоҳмансур, Сариосиё, Қаряи Мирхоҷаи Анбиё мавҷуд буданд, ки пасон ба тобеияти Душанбе дароварда шуда, соли 1925 ба Душанбе мақоми шаҳр дода шуд.
Соли 1929 ба Душанбе хати роҳи оҳан кашида шуд, ки ин масир Душанберо бо шаҳри Тошканд ва Москва пайваст кард. Чунин пайвастшавӣ имкон дод, ки дар Душанбе саноати бофандагӣ, хӯрокворию мошинсозӣ ва соҳаи энергетика рушд ёбад. Соли 1930 сохтмони корхонаи дӯзандагӣ оғоз гардид. Моҳи октябри соли 1936 аввалин вокзали роҳи оҳан дар Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд.
То солҳои 60-уми асри 20 дар Душанбе якчанд иншооти ҳаётан муҳим, аз қабили биноҳои Бонки миллӣ, Вазорати кишоварзӣ, донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ, Академияи илмҳо, Театри опера ва балет, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо санъати меъмории миллӣ ва якчанд корхонаҳои саноатӣ сохта шуданд, ки ин ҳама дар рушди минбаъдаи шаҳри Душанбе заминаи мусоид гузошт.
Дар аввал тақсимоти ҳудудии Душанбе бо гузарҳо анҷом дода мешуд. Аз моҳи декабри соли 1926 ин гуна тақсимбандӣ ба кӯчаҳо гузашт. Агар соли 1930 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 13 кӯча вуҷуд дошта бошад, имрӯз дар он қариб 300 кӯча, 20 маҳал (массив — район), 104 маҳалла (микрорайон) ва 4 ноҳия мавҷуданд.
Душанбе дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон низ аз тараққиёт боз намонд. Маҳз дар ҳамин солҳо дар Душанбе аввалин меҳмонхонаи сеошёнаи «Сталинобод» (имрӯза «Вахш») ва дигар муассисаҳо бунёд шуданд.
Агарчи дар солҳои баъдиҷангӣ вазъияти иқтисодиву иҷтимоии мардум мураккабу печида буд, вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, шаҳри Душанбе қадам ба қадам пеш мерафт. Дар ин шаҳр соли 1947 майдони «800-солагии Москва» сохта, ба истифода дода шуд. Соли 1948 дар соҳаи касбу илмомӯзӣ қадами устувор гузошта шуд, минҷумла, Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таъсис ёфт. Худи ҳамон сол ба рушди соҳаи иқтисод ва коркарди маъдан ҳам такони ҷиддӣ дода шуд: дар Душанбе аввалин заводи «Трактородеталь» ба кор дароварда шуд, ки дар он чӯян гудохта мешуд. Чунин пешрафтҳои иқтисодӣ замина гузоштанд, ки Душанбешаҳри ҷавон дар соҳаи варзиш ҳам пешрафт кунад. Рӯзҳои 10-16 октябри соли 1948 аввалин Спартакиадаи варзишгарони Осиёи Миёна дар Душанбе баргузор шуд.
Давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ Душанбе, ки замоне ҳамагӣ 500 ҳавлию 6000 одам дошту хонаҳояш похсагиву бомҳояш найпӯш буд, ба шаҳри замонавии дорои инфрасохтори муҳташами иҷтимоию фарҳангӣ, биноҳои хуштарҳу осмонбӯси истиқоматӣ, боғҳои дилпазири фароғатӣ, майдонҳои муҷаҳҳази варзишӣ, роҳҳои мумфарши сатҳи байналмилалӣ, гулгашту хиёбонҳои дилрабо, марказҳои савдою тиҷоратӣ ва корхонаҳои азими саноатӣ табдил ёфт.
Душанбе давоми солиёни истиқлол мизбони чорабиниҳои муҳими сатҳи байналхалқӣ гардид, аз ҷумла ҳамоиши 1100-солагии давлати Сомониён, ҷаласаҳои Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди ҳамкории Осиёи Марказӣ, симпозиумҳои «Таҷрибаи таърихии сулҳофарӣ дар Тоҷикистон», «Аҳамияти байналмилалии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», форумҳои байналмилалӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе-макони фарҳанг ва равобити сайёҳӣ», «Душанбе-инвест-2021» ва чандин форумҳои сатҳи баланд оид ба масоили об, Бозиҳои 5-уми Осиёи Марказӣ, чандин конфронсҳои илмӣ-амалии сатҳи баланд, масалан таҳти унвони «Ҳамкории байналмилаливу минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар Душанбе, рӯзҳои шаҳру вилоятҳои мамлакат ва ғайра.
Самараи заҳматҳои меҳанпарастонаи шаҳрдори бунёдгар муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ Душанберо «шаҳри сайёҳӣ» эътироф намуд ва Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Русия ба даҳгонаи шаҳрҳои бехатари ИДМ ворид кард: дар раддабандии барои мамлакатҳои хориҷӣ таҳиякардаи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 мамлакати барои сайёҳони Русия маъруфтарин-ТОП-50 ворид гардид. Рӯзномаи бонуфузи «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишвари барои сайёҳӣ беҳтарин баргузида, ба хонандагон тамошои шаҳри Душанбе ва дигар мавзеъҳои мамлакатро тавсия додааст.
Имрӯз шаҳри Душанбе ба калонтарин маркази саноатӣ табдил ёфтааст, ки дар он миқдори муайяни иқтидори саноатии мамлакат ҷойгир буда, тақрибан 15 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ зиндагӣ дорад, ки ҳиссаи асосии маҷмуи маҳсулоти саноати дохилиро истеҳсол мекунанд.
Сайёҳон зимни тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, осорхонаҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Мирзо Турсунзода ва Гурминҷ Завқибеков метавонанд бо таърихи пурғановат ва зиндагиномаи рангини мардуми ин сарзамин, ки пайванди зиндаи қарнҳоро таҷассум менамоянд, шинос шаванд. Анъанаҳои нодири таъриху санъати мардуми тоҷик дар замонҳои гуногун дар ин осорхонаҳо гирдоварӣ шудаанд. Осорхонаи миллии Тоҷикистон фарогири нигораҳои бозмонда аз асри санг то даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар маркази шаҳр ҳар сайёҳро Маҷмааи муҳташами меъмории Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи нахустин поягузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ мутаваҷҷеҳ месозад, ки бозгӯйи таърихи давлатдории куҳани тоҷикон аст. Боғи поягузори шеъру адаби тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо гулгашту фаввораҳои рангину назаррабояш, ки дар шафати Қасри миллат ҷойгир аст, ҳамеша барои истиқболи меҳмонону сайёҳони пойтахт омода аст. Боғи ботаникии шаҳри Душанбе бо сафову зебоӣ ва намунаҳои беҳтарини растаниҳо ва намои миллияш, ки сайргоҳи дилбохтагони зиндагиву зебоист, шахсро ба дунёи хаёлоти рангин ва пурғановати маънавӣ мебарад. Анъанаи неки дар боғ расмгашта имкон медиҳад, ки кас бо расму одатҳои мардумӣ ва санъату завқи эҷодии мардумони маҳалҳои гуногуни мамлакат шинос шавад. Дар ин сайргоҳ рӯзҳои ҷашну истироҳат маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия ва минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Боғҳо ва гулгаштҳои ба номи устод Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Умари Хайём, Садриддин Айнӣ, Дӯстии халқҳо, Абулқосим Фирдавсӣ, Кӯли ҷавонон, Алишер Навоӣ мавзеъҳои диданиву фароғатии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мебошанд.
Барои фароғати сокинону меҳмонон шабонгоҳ низ тарабхонаҳову марказҳои муосири дилхушӣ бо мусиқиҳои дилнишин, таомҳои лазизи миллӣ ва шарқиву аврупоӣ хизмат мерасонанд. Тарабхонаю чойхонаҳои миллӣ бо нақшу нигор ва сохти миллии тоҷикӣ, ки гувоҳ аз маданияту ҳунари бостонӣ мебошанд, барои меҳмонону сайёҳон ҷолиби таваҷҷуҳанд.
31 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд, ки он ифтитоҳи парчами баландтарини дунё бо баландии 165 метр мебошад.
Санги асосии бозсозии Душанберо дар 34 соли истиқлоли давлатиамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Аз рӯзҳои нахустине, ки пойи мубораки ин фарзонафарзанди миллат ба пойтахт расид, гӯё, ки шаҳри хуфта бедор шуд, ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз гашт. Нақшаҳои ояндасозонаи Пешвои миллатамонро фарзанди некманишу серғайрату ташаббускорашон- Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар амал татбиқ намуданд ва Душанберо дар муддати кӯтоҳ ба гулшаҳри афсонавии минтақа табдил доданд.
Раиси ҷавону ташаббускори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз нахустин рӯзҳои ба шаҳрдорӣ расиданашон талошҳои зиёд ба харҷ доданд, то Душанбеи азизу ҷавонро ба шаҳре табдил диҳанд, ки тавонад бо дигар азимшаҳрҳои мамолики пешрафта дар рақобат бошад. Аз ҳамин хотир шаҳрдории Душанбе ҳамаи талошҳоро ба он равона кардааст, ки тамоми нозукиҳои санъати миллии шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шуда, бо дурнамои 50-солаҳои баъдӣ рушд намояд.
Бояд гуфт, ки Душанберо ҳамчун пойтахти мамлакат давоми умри якасрааш 19 нафар роҳбариву шаҳрдорӣ намудаанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соли 2017 ба мақоми шаҳрдори Душанбе расида, давоми 8 сол ин зебошаҳри Тоҷикистонро воқеан ба яке аз беҳтарин шаҳрҳои олам табдил доданд. Давоми солҳои 2017-2025 дар ин шаҳр беш аз 2 миллиону 700 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ, 145 муассисаи соҳаи маориф, 21 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 90 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 15 иншоот ва 300 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Муҳимтарин иншооте, ки бо харҷи 1,2 миллиард сомонӣ сохт шуду рамзи мамлакатро касб кард, зеботарин тоҷи рамзӣ дар Маҷмааи меъмории «Майдони Истиқлол» аст.
Дар доираи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар айни замон дар пойтахт мутобиқ ба талаботи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохтмони иншооти дорои таъйиноти гуногун ҷараён дорад, ки шумораи бештари онҳо дар арафаи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Иншооти маъмурии вазорату идораҳо, ки то 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд сохта, ба истифода дода шаванд, инҳоянд: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Ҷалол Икромӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Нисор Муҳаммад, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Шевченко, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Лоҳутӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Маяковский.
Дар ин радиф сохтмони бинои маъмурии Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» ва Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна», воқеъ дар буриши кӯчаҳои Бохтар ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷумлаи иншооти дигаре мебошанд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 июли соли 2022 амалӣ карда мешаванд. Мувофиқи лоиҳа, иншоот аз як бино барои Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» иборат аз 5 ошёна ва таҳхона, ҳамчунин бинои Муассисаи давлатии «Рекламаи беруна» иборат аз 3 ошёна ва таҳхона аллакай қомат афрохтааст, ки дар онҳо вобаста ба махсусияти соҳавӣ барои фаъолияти босамар ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки 13 декабри соли 2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро мавриди истифода қарор доданд. Намои берунаи бино бо тарҳ ва шакли замонавӣ рангу оро ёфта, аз 5 ошёна, таҳхона, инчунин 2 бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст ва 6 студияи барҳаво, ки якеи он студияи виртуалӣ мебошад, иборат аст. Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» натиҷаи амалишавии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз Душанбе бо беш аз 20 шаҳри бузург, аз қабили Лусакаи Замбия, Санъои Яман, Монастири Тунис, Клагенфурти Австрия, Лоҳури Покистон, Боулдери иёлати Колорадои Амрико, Мазори Шарифи Афғонистон, Ройтлингени Олмон, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Шерозу Теҳрони Эрон, Мински Беларус, Урумчӣ, Сямин, Хайкоу ва Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Анқараи Туркия ва дигар шаҳрҳо паймони бародаршаҳрӣ дорад. Чанде пеш Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2025 ба имзо расид.
Дар баробари ин, шаҳри Душанбе аъзои фаъоли Ташкилоти умумиҷаҳонии шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ, Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо, Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо, Ташкилоти Боулдер-Душанбе –бародаршаҳрҳо аст.
Имрӯз Душанбе на танҳо пойтахти мамлакат, балки хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё буда, дар он намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар оғӯши бародарию ҳамдигарфаҳмии осоишта зиндагӣ менамоянд. Маҳз ҳамин фарҳанги ҳамзистии мусолиматомези сокинони шаҳр буд, ки соли 2004 шаҳри Душанбе ба аввалин ҷоизаи Шаҳри сулҳи ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором шарафёб гардид. Ин дастовард нишони он аст, ки Душанбе аз амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон мебошад.
Санъати бозаргонӣ аз қадим дар ин шаҳри машриқзамин рушд ёфта, дар бозорҳои калонтарини шаҳр метавон ҳамеша анвои мухталифи меваҳои лазиз ва сабзавоти тару тозаи Тоҷикистони офтобрӯяро ба таври фаровон дастрас намуд. Дар баробари бозорҳои фаровон дар шаҳри Душанбе барои хизматрасонӣ ва қонеъ намудани завқу интихоби мизоҷон фурӯшгоҳҳои бузург фаъолият мекунанд.
Меҳмонону сайёҳон ва сокинон метавонанд аз олами бойю рангини фарҳанги миллати тоҷик истифода намоянд. Ин шаҳр макони баргузории ҳамоиш ва чорабиниҳои мухталифи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ гардидааст. Барои фароғат сокинону меҳмононаш метавонанд аз барномаҳои консертии мусиқии классикиву суннатии тоҷикон-шашмақому фалак ва операву эстрадаи муосир баҳра баранд, ки ҳамеша дар толорҳои барҳавои Душанбе баргузор мешаванд.
Фидокорию ояндаафрӯзии роҳбари нексиришту некрой ва кордону миллатфидо муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва шоистакориҳояшон ҷиҳати гулпӯшгардонии пойтахт намунаи олии парастишу арҷгузории ҳадафи олии меҳанпарастисту дар олам назир надорад. Душанбеи нозанин аз баракати ин Шаҳрдори зебоиофар гулбасар шуд, нозанинтар шуд, шуҳрати даҳр шуд, ифтихори ҳар ватанпарвар шуд! Шоире, барҳақ, бо самимияту муҳаббати хосса нидои қалби ҳар сокини ватандӯсти имрӯзаро бо ин мисраъҳо рӯйи сафҳа овардааст:
Рустами мо ин Душанберо гулистон кардааст,
Ин маконро бо талошаш боғу бӯстон кардааст.
Бо саодат, бо саховат, бо садоқат бар Ватан,
Ӯ Душанберо баҳори сулҳу эҳсон кардааст.
Баски ин шаҳри дилоро, шаҳри сулҳу дӯстист,
Халқи дунёро ба хони хеш меҳмон кардааст.
Қадр карда олимонро мениҳад болои сар,
Шаҳри зеборо фурӯғи илму ирфон кардааст.
Шаҳри зебои Душанберо хирадмарди ҷавон,
Хонаи бахту умеди Тоҷикистон кардааст.
Чун Душанбе ман надидам сабзшаҳре дар ҷаҳон,
Рустами мо шаҳри моро зеби даврон кардааст.
Оре, Шаҳрдори оқили мо муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми 8 сол тавонист манзилати Душанберо дар арсаи ҷаҳонӣ дар тамоми самтҳои афзалиятнок боло бубарад. Пойтахтамон чун маркази рушди илму маориф, муаррифи фарҳангу тамаддуни тоҷик, макони амну субот ва шукуфоӣ дар миқёси кишварҳои Осиё ба маркази бузурги маъмурӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ табдил ёфт.
Барои тамоми тоҷикони олам боиси ифтихору сарфарозист, ки соли 2021 Душанбе бо унвони «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» мушарраф гардида буд. Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ва таҳкими бештари зарфияти фарҳангии ин давлатҳо ҳамчун майдони зеҳниву эҷодӣ идеяи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо амалӣ шудааст.
Ин унвони баланди пойтахт бар дӯши сокинонаш масъулияти бузурги ҳифзу муаррифии онро вомегузорад. Ҳар яки мо имрӯз муваззафем, ки фарҳанги баланди шаҳрнишинии худро ба меҳмонону дӯстони хориҷӣ нишон диҳем, онҳоро бо меҳмоннавозии самимонаи тоҷикии худ истиқболу гусел намоем, гулгашту хиёбонҳои зебо ва хонаву коргоҳҳои барҳавои худро тоза нигоҳ дорем, барои ба «шаҳри сабзу бехатар» табдил додани пойтахт ҳамеша дар паҳлуи Шаҳрдори зебоиофари худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бошем, бо сабзазору дарахтзоргардонӣ шаҳрамонро ба биҳишти ҳақиқии рӯйи Замин мубаддал гардонем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарҳанги волои муоширату муносибатро тарғибу риоя намоем. Ин таъкиди хирадмандонаи фарзонафарзанди тоҷикони олам, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар сокини пойтахти зебоямон қарор бигирад: «Агар мо давлати сохибистиқлолу озоди худро дӯст дорем, дар навбатии аввал, бояд пойтахти онро ободу зебо гардонем, барои рушди он ҳама имконияту захираҳоро истифода барем ва исбот кунем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем». Ин аст асолати шаҳрдорӣ, шаҳрнишинӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон.
Нуриддин САИД,
доктори илми фалсафа, профессор
АКС: АМИТ «Ховар»/Dushanbe travel