«Chengdu Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Қошғар-Хуҷанд-Қошғар оғоз менамояд

Март 28, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 28.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 15 апрели соли 2025 ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мунтазами ҳавоиро дар хатсайри  Қошғар-Хуҷанд-Қошғар оғоз менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Роҳи ҳавоӣ байни Қошғари Чин ва Хуҷанди Тоҷикистон аз ҷониби  ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» дар доираи ҳамкории мутақобили судманди мақомоти авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ифтитоҳ мегардад. Ҳамзамон ин тадбир  бо мақсади рушди соҳаи авиатсияи граждании мамлакат барои васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, рафту омади осони шаҳрвандони ҳарду давлати ҳамҷавор, рушди тиҷорат ва соҳаи сайёҳӣ андешида шудааст.

Парвозҳои мунтазам аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Chengdu Airlines» дар як ҳафта як маротиба- рӯзҳои сешанбе амалӣ гардида, давомнокии парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки 11 марти соли равон Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷи Шумин мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо ва ифтитоҳи парвозҳои мустақим байни ду давлат баррасӣ шуданд.

Ҳоло байни Душанбе ва Урумчӣ парвозҳои ҳавоӣ анҷом дода мешаванд.

Ифтитоҳ гардидани хатсайрҳои нав ба рушду тавсеаи соҳаи авиатсияи граждании мамлакат мусоидат менамояд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «дар давоми солҳои охир  соҳаи авиатсияи граждании мамлакат мувофиқи талаби замон пеш рафта,  ба яке аз соҳаҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат табдил ёфтааст».

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 28, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд